Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид

Аҳмадзода ба осебдидагон: бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин мешавед

793
Дар пай ва омадани сел дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла ҷамоатҳои ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон 55 хонаи сокинон зарар дида, аз ин миқдор ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурии 31 оила пурра нобуд гардидааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik.  Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои ошнои  бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом  сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят аз вазъият ошно шуда,  ба зарардидагони офат кӯмакҳои моддӣ расонид.

Лозим ба ёдоварист, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла ҷамоатҳои  ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид.

Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел 55 хонаи сокинон зарар дид ва аз ин миқдор ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурии 31 оила пурра нобуд гардид. Айни замон бо ҷалби сохторҳои марбута корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дошта, беш аз 250 нафар сарбозони қисмҳои низомӣ низ ба сокинон кӯмак расонида истодаанд. Баррасии хисороти воридшуда бошад аз ҷониби комиссияи вижа идома дорад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони зарардида таъкид кард, ки оқибатҳои офати табиӣ пурра бартараф карда шуда, зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин ва аз хадамоти беҳдоштиву санитарӣ таъмин хоҳанд шуд.

“Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо мардуми зарардида ҳамзамон аз мушкилоти онҳо хабардор гашта, ба масъулини ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷуда супоришҳои мушшахас дод”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои пурра ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозӣ ситоди доимоамалкунанда ташкил гардидаааст.

793
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳммадзода, харобии манзилҳо, офати табиӣ, осебдидагон, Конибодом, Суғд, Тоҷикистон