Въезд в Ворух, архивное фото

Чаро ба ман роҳ намедиҳӣ?: сокинони Қирғизистон мошини як сокини Ворухро сангборон карданд

594
Кӯдаки ҷавон аз ин ҳодиса сахт тарсидааст, ки ӯро ба бемористон интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Мошини як сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараро сокинони Қирғизистон сангборон карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Исфара. Ҳодиса дар роҳи миёни Исфара ва ҷамоати Ворух рух додааст, ки аз Қирғизистон мегузорад.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 4 июн тахминан соатҳои 11:30 дар роҳи Исфара-Ворух, чанд сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистон, ба ҳаракати мошини шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳбоз Ғанизода монеа эҷод карда, сипас ӯро ба роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам кардаву худравашро сангборон кардаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳодиса шишаи оқиби мошини Шаҳбоз шикастааст.

Ғанизода Шаҳбоз бо ҳамроҳии модарашу кӯдаки 6-7 солааш, инчунин як хешованди дигари ӯ аз шаҳри Исфара ба Ворух бармегаштанд.

"Кӯдаки Шоҳбоз Ғанизода аз ин кирдори қирғизҳо сахт тарсида, ӯро ба бемористон интиқол додаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз расонаҳои Қирғизистон ҳодисаро чун садамаи нақлиётӣ инъикос кардаанд, ки ҷониби Тоҷикистон ин амали сокинон ва рӯзноманигорони қирғизро "иғво" номидаанд.

Шаҳрдорӣ менависад, сарҳади байни деҳаи Оқсой, дар даромадгоҳи деҳаи Ворух даҳҳо нафар сокинони Оқсой, ки аксаран ҷавононанд, ҷамъ шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара дар робита ба таҳқиқи ин ҳодиса кор оғоз кардаанд ва ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳодисаи нохуш чораҷӯӣ доранд.

Ин дар ҳолест, ки 22 май аз баҳси дигаре дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудудҳои Исфара ва Ботканд хабар дода шуд.

Шаҳдории Исфара гуфт,  зиёда аз 200 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон  ғайриқонунӣ ворид шуданд."Мақсади асосии сокинони  маҳалли аҳолинишини Равоти кабуди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткон азхудкунии заминҳои минтақа мебошад, ки аслан ҳудуди баҳснок набуда, ба марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад", - тавзеҳ дода буд шаҳрдорӣ.

Сарраёсати Қӯшунҳои марзии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ як рӯз пас дар изҳороташ гуфт, ки 200 нафар сокинони Қаробоғи Қирғизистон ба то 700 метр марзи Тоҷикистонро убур карда, ба муноқиша пардохтаанд.

"Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд", - тавзеҳ медидод КДАМ.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 500 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз боиси сар задани танишҳо миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.

594