Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото

Чаро Шерали Мирзо вориди Русия шуд?

295
(Таҷдидшуда 10:19 05.06.2019)
Имрӯз дар Анапаи Русия ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ҳамсуд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бино бар иттилои сомонаи кумитаи иҷроияи ИДМ  дар ҷаласа вазирони мудофиаи ИДМ беш аз бист масъалаи мубрами вобаста ба вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба авзои амнияти кишварҳои ИДМ, усулҳои консептуалии рушди ҳамкории низомӣ миёни кишварҳои узви ИДМ то соли 2025, таҷрибаи ба эътидол овардани баъдиҷангӣ дар Сурияро баррасӣ намоянд.

Қарор аст дар ҷаласаи мазкур Шералӣ  Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Инчунин Вазирони мудофиаи ИДМ баргузории машқҳои  муштараки низомии неруҳои тирандози ҷангӣ низоми муттаҳидаи дифоъии зиддиҳавоии  ИДМ — “Боевое Содружество-2019” , ки дар соли равон пешбинӣ шудааст, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар  соҳаи истифодаи  авиатсияи бесарнишин ва мубориза бо воситаҳо  ва дастгоҳҳои  бесарнишини  ҳавоии парвозкунанда, чорабиниҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои ИДМ –ро дар соли 2020 матраҳ хоҳанд кард.

Дар  ҷаласа ҳамзамон доир ба рушди ҳамкорӣ  дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, варзиш ва омода намудани мутахассисон сухан хоҳад рафт.

Инчунин, аъзои Шӯро иҷрои Нақшаи татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи маълумоти ҷуғрофии таъйиноти низомидоштаро  барои неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ, тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсози хадамоти топографии Қувваҳои Мусаллаҳ дар назди Шӯрои вазирони мудофиаро баррасӣ менамоянд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро санаи баргузорӣ ва рӯзномаи вохӯрии ояндаи вазирони мудофиаи ИДМ-ро муайян хоҳанд кард.

 

295
Барчаспҳо:
Шурои вазирони дифоъ, ИДМ, ҳамкорӣ, Русия, Тоҷикистон