Преступник за решеткой

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои фуруши 150 грамм ҳероин ба 11 соли зиндон маҳкум шуданд

408
(Таҷдидшуда 10:36 06.06.2019)
Додгоҳи вилоятии Володарски шаҳри Брянски русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои фуруши 150 грамм ҳероин гунагор дониста, онҳоро ба 11 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik.  Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Брянски Русия барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддири ҳероин ба муддати 11 сол равонаи зиндон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти додситонии вилояти Брянск.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ин ду нафар ба миқдори 150 грамм маводи мухаддир ёфт ва мусодира шудааст.

Тавре манбаъ хабар додааст, шаҳрвандони 25 ва 29-солаи Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2018 ҳангоми кӯшиши фурӯши ҳероин дастгир шуда ва дар додгоҳ аз рӯи моддаи “Фурӯши маводи мухаддир ба миқдори калон дар ҳайати гурӯҳи муташаккил бо истифода аз шабакаҳои иттиллотӣ” муҳокима шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон эълон намуд, ки аз давраи таъсисёбӣ яъне аз Санаи 1 июни соли 1999 то ин ҷониб Ожонсӣ бевосита ва якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, зиёда аз 42 тонна маводи нашъадорро мусодира карда, фаъолияти ҷинояткоронаи 754 гурӯҳҳои ҷиноятии нашъаҷаллобро қатъ намудааст

 

408
Барчаспҳо:
додгоҳи Брянск, қочоқ, Русия, ҳероин, маводи мухаддир, Тоҷикистон