Ремонт дороги, архивное фото

Ширкати IRS ҳаракати тамоми намуди нақлиёти боркашро маҳдуд кард

646
(Таҷдидшуда 12:09 07.06.2019)
Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар Тоҷикистон ба корҳои таъмири қитъаи роҳ дар минтақаи Варзобро оғоз намудааст

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ширкати IRS таъмири қитъаи роҳ дар минтақаи Варзобро оғоз намудааст, ки  таъмири асосӣ (куллӣ)-и 11 километри роҳро ба нақша гирифтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкат.

Бино бар иттилои манбаъ, барои хушсифат иҷро намудани корҳо, 65 адад техникаву механизм, ҳамчунин 185 нафар устоҳои роҳсоз ҷалб шудаанд.

Дафтари матбуоти ширкати IRS, таъкид намудааст, ки тибқи талаботи бахши роҳсозӣ дар навбати аввал мумфаршкунии осебдидаи роҳ ва минтақаҳои фурӯрафта барқарор ва сипас роҳ яклухт мумфарш карда мешавад.

“Ширкати дар муддати кӯтоҳ қитъаҳои вайроншудаи роҳро бартараф хоҳад кард”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, таъмири роҳ бо истифода аз асфалти босифат ва дигар масолеҳи сохтмон ҷараён дошта, бо ин мақсад бояд зиёда 16 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад.

Зикр мегардад, ки дар мавсими имсола  доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки  зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ  ва зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ шавад ва илова бар ин, ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд намудааст, ки бо мақсади эҷод накардани монеа, босуръат ва дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани ин раванд шурӯъ аз 29 майи соли равон то анҷоми таъмири роҳ аз соати 9:00 то 20:00 ҳааркати тамоми намуди нақлиёти боркаш боздошта шуд.

646
Барчаспҳо:
роҳ, Душанбе-Чаноқ, Душанбе, таъмири роҳ, Варзоб, Тоҷикистон
Флаг Ирана

Вокуниши мақомоти Эрон бар филми “Хиёнат”

8
Ахиран филме бо номи “Хиёнат” дар тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ин филм, ки ҳеч ному нишоне аз созандаи он вуҷуд надорад, асосан суҳбат аз ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва роҳбари он Муҳиддин Каибирӣ рафтааст.

“Хиёнат” ба сурати як мустанади 210 дақиқаӣ дар се бахш намоиш дода шуд, ки дар он эътирофоти афроди маҳкум ва боздоштшуда пахш гардидааст.

Бештар эътирофоти писари ама, бародарзан ва ронандаи роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ оварда шудааст.

Дар ин филм борҳо ба “Кишвари барои мо маълум” ишора мешавад, ки бархе расонаҳои мухолифи Эрон ин кишварро Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, бардошт аз ин филмро дахолати Эрон дар умури дохилии Тоҷикистон зикр кардаанд.

Зеро дар ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд.

Дар ин замина Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон ба хабарнигори Sputnik Эрон дар Теҳрон гуфт: - Мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадан ҷуғрофиёӣ ҳастанд.

Мо муттааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

Ҳамчунин иродаи мо дар муроқибат аз ин муносибатҳои таърихиву гусастнопазир дар баробари сӯитафоҳумҳо ва сӯизанҳои (бадгумониҳои) тавтеаомез, тағйирнопазир буда ва таҳти таъсири фазосозии расонаӣ қарор нахоҳад гирифт.

 Алии Рабеӣ бо таъкид бар муштаракоти густардаи фарҳангӣ ва торихии ду кишвар, изҳор дошт: - Мо аз тамоми ҳунармандону мустанадсозон даъват мекунем, ки ҳиммати бештаре барои бознамоии умедофарӣ аз аҳамияти равобити миёни Эрону Тоҷикистон ва зарурати густариши он то сарҳади баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз тамоми зарфиятҳои билқувваи ду миллат ба харҷ диҳанд.

8
Барчаспҳо:
телевизион, вокуниш, филм, Тоҷикистон, Эрон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Парвози махсус: Тоҷикистон ҳудуди 200 шаҳрвандашро аз Қазоқистон баргардонид

2
Тариқи парвози махсуси навбатӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хориҷ баргардониданд: ин дафъа тоҷикистониён аз Қазоқистон ба Душанбе интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тоҷикистониёнро аз Қазоқоситон баргардониданд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон.

Парвози махсус тариқи ширкати "Сомон Эйр" рӯзи 4 август анҷом дода шуд.

Ҳамагӣ аз Қазоқистон 190 шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар роибита бо пандемияи коронавирус дар тамоми ҷаҳон мусофиронро аз ташхиси коронавирус гузарониданд.

Парвози махсус: шаҳрвандони Тоҷикистон аз Амрико ва Аврупо баргаштанд

 

Дар ҳолати муайян гардидани коронавирус шаҳрвандони баргардонидашуда ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

2