ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Маскав омаданд ва дар аввалин ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе”, ки таҳти унвони “як дигарро тавассути мусиқи бишнавем” ширкат варзиданд.
Дар ҷашнвораи мазкур ғайр аз овозхонҳои тоҷик, инчунин ҳунармандони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон низ иштирок намуданд.
Аввалин ҷашнвораи мусиқӣ аз тарафи Департаменти ҳамоишҳои миллии “БАЗМ” ташкил карда шуд.
Дар толори Vegas City Hall садҳо нафар тамошобинон шоҳибди беҳтарин сурудҳои ситораҳои эстрадаи Тоҷикистону Русия шуданд. Дар ин шоми базм тамошобинон эҳсосу хотироти нек гирифтанд.
Ҷашнвораи мусикӣ дар фазои зебову ҷаззоб гузашт. Ҳамаи тамошобинон бо сурудҳои нави ситораҳои Тоҷикистону Русия ошнои пайдо карданд.
Ба хусус тамошобинонро гурӯҳи Авеста бо тарониа нав "Таралилай" хушҳол кард. Инчунин Сарояндаи узбактабори Русия Согдиана бо забони тоҷикӣ суруди наверо бо номи "Ёри ҷонам" хонд, ки тамоми тамошобинонро ба ҳаяҷон овард.
Дар ҷашнвора мазкур бо сурудҳои беҳтарину тару тоза Тоҷикистонро гурӯҳи Авесто, Дамирбек Олимов, Хайём Хайёлбеков, M. One муаррифӣ намуданд. Дар баробари ин дар фестивали мазкур ҳунармандони Қазоқистон, Русия ва Узбакистон аз ҷумла Абдулкарим Қазоқистон, Джон Даллер (Русия), Natan (Русия), овозхон Согдиана (Русия), Вито Ягмуров (Русия), Killa Voice (Русия) ширкати намуданд.Аслишо Акимбеков, яке аз ташкилкунандагони ҷашнвораи мазкур ва яке аз шахсоне, ки бидуни иштироки ӯ ҳеҷ ҳамоиши дар Маскав баргузор намегардад, мақсад аз ташкили фестивали мазкурро чунин тавзеҳ дод:
“Мо барои номгузории яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав ба номи Душанбе таваҷҷуҳи зоҳир мекунем. Мо мехоҳем яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав Душанбе ном дошта бошад. Ба ҳамин хотир, ҳамоиши ташкилкардаи мо ба ҳамин мавзӯъ вобастагӣ дорад”, - таъкид намуд Аслишо.
Ба гуфтаи Аслишо ин ташаббус аз тарафи шаҳрдории Душанбе дастгирӣ ёфтааст. Шаҳрдории Душанбе ба ташкилкунандагони ин ҷашнвораи мусиқӣ номае фиристодааст, ки дар он аз дастгирии ҳаматарафаи ин ташаббус гуфта шудааст.
“Ҳама аз он шурӯъ шуд, ки ман рӯзе хаста будам дар метро ба сӯи хона мерафтам. Ногоҳ ба гӯшам расид, ки истгоҳи баъдӣ Алмаатост, сипас шунидам истгоҳи Рига, Минску Киев. Сипас дар фикр фуру рафтам чаро истгоҳи Душанбе нест. Фикр кардам ин беҳтарин идеяи аст, истгоҳи Душанбе бошад. Ман ба рафиқонам дар бораи ин идея гуфтам ва онҳо ҳам фикри маро дастгирӣ карданд”, - таъкид намуд Аслишо.
Ташкилкунандагони ҷашнвораи мусиқӣ зимни баргузории консерти мазкур барои гузоштани номи Душанбе ба яке аз истгоҳҳои метрои шаҳри Маскав ба ҷамъоварии имзо оғоз намуданд. Онҳо тасмим доранд баъд аз ҷамъоварии 25 ҳазор имзо ба ҳукмати шаҳри Маскав муроҷиатнома равон намоянд.
Ташкилкунандагон инчунин қайд намуданд, ки консерти мазкур хайриявӣ буда аксарияти пули билетҳои фурӯхташудаи ҷашнвораи “Истгоҳи Душанбе” ба бунёди хайриявии маризиҳои онкологӣ “Осиёи Сиҳат” барои кумаки кӯдакони бемор равона карда мешаванд.
Ҳачунин Аслишо зикр намуд, ки сипас ҷашнвораи мусиқии “Истгоҳи Душанбе” ҳамасола дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.
Соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид
Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.
Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.
Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.
Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри Москваи Федератсия Россия рафт.
Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.
Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.
Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, ширкати “Себистон – 2018”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу масолеҳи зарурӣ барои бунёди меҳмонхона озод кард.
Ҳукумат феҳрасти масолеҳу таҷҳизотро тасдиқ карда, Хадамоти гумрукро муваззаф намудааст, ки расмиёти заруриро саривақт анҷом диҳад.
Сохтмони меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи сентябри соли 2019 оғоз шуда буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Grand Rudaki Tower” як Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ хоҳад буд, ки аз меҳмонхонаи панҷситорадори 24-ошёна ва ду адад апартаментҳои қароргоҳии 18-ошёна иборат мебошад.
“Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт”, - таъкид намуда буд котиботи раисиҷумҳур.
Манбаъ афзуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Себистон-2018” бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт.