Президента Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон полковникро сабукдӯш карду ба сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон вазифаи нав дод

7939
(Таҷдидшуда 11:51 11.06.2019)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11 июн дар якқатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон полковники гвардияро аз вазифа озод карду ба сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон вазифаи нав дод.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳур, президент, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон баровардааст:

"Полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шавад",-омадааст дар фармон.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон мақомдорони андоз ва додситониро ҷо ба ҷо кард

Ҳамчунин, дар фармони дигари президент омада, ки сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон таъин карда шавад.

Дар баробари ин тибқи фармони раисиҷумҳур, Давлатзода Хусрав Лутфулло аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе,
Раҳмонзода Маҳмад Шариф аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Ҳаким Рухшона Аскар аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод карда шаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон якқатор мақомдорони Кумитаи андоз ва додситониро ҷо ба ҷо кард.

7939