Ҳангома насозед: посухи Вазорати маориф ба вокунишҳои тамдиди таҳсил дар мактабҳо

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото
Министр образования Таджикистан Нуриддин Саидов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илм аз кормандони касбу кори гуногун, омўзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷўён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва, умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш намудааст, ки аз ин тасмимоти гирифтаи вазорат ҳар гуна ҳангомаи бардурўғ насозанд.

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар ҳоле ки корбарони интернет чанд ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тамдид ёфтани мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд, Вазорати маориф ва илми Тоикистон мегӯяд, ҳангома насозед.

Дар вокуниши вазорат, ки дар вебгоҳи ниҳод мунташир шудааст, аз тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост карда мешавад, то "аз ин тасмими ниҳод ҳангома насозанд".

Бештари волидон иддао доранд, ки дар ҳавои гарми тобистон идомаи таҳсил то 14 июн ба фарзандонашон мусоид нест. Аммо вазорат мегӯяд, ки тамдиди мӯҳлати таҳсил бо қарори вижаи Ҳукумат сурат  мегирад, ки вақти қабули он хулосаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ дар назар гирфта шудаст.

Вазорат таъкид мекунад, ки маҳз дар асоси ҳамин қарори Ҳукумат, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи таълимро тасдиқ ва дар зинаи таҳсилоти умумӣ чун пештара чор чоряк ва таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона, баҳорӣ ва тобистона барқарор кард.

Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
"Занги камолот" - 14 июн: шикояти сокинону шарҳи Вазорати маориф

"Соли таҳсил аз 1 сентябр то 14 июн (барои синфи 1 —  то 7 июн) муқаррар карда шуд", - менависад манбаъ.

"Тибқи ин фармоиши вазири маориф дар ду ҳафтаи тамдидшуда  бояд дар соли таҳсили 2018-2019 аз ҳар як фанни мавҷуда аз мавзўъҳои дар барномаҳои таълимӣ васеъбуда ё аз мавзўъҳои барои замони муосир мубрамбуда, хусусан аз фанҳои табиию риёзӣ дарсҳои иловагӣ гузаронида шуда, омўзгорон ҳар як фанни таълимиро ҷамъбаст намоянд.

Ибтидо аз соли таҳсили 2019-2020 бошад, барномаҳои таълимии нав, инчунин маводи иловагӣ барои омўзгорон таҳия гардида, дастраси тамоми раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ гардонида шаванд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Аз ин рў, андешаи он ки гўё "дар муассисаҳо дарсҳо тибқи нақша 25-уми май ба охир расида, хонандагон дарси такрор мехонанд", асоси воқеӣ надорад. Танҳо омўзгори бесалиқа ва ноўҳдабаро агар дар журнали синф рўзҳои идро қайд карда бошад, метавонад ба чунин иштибоҳ роҳ диҳад ва ба норасоии маводи таълимӣ дучор гардад, таъкид мекунад вазорат.

Вазорат низоми таҳсилро дар мактабҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ Англияву Ҳиндустону Фаронса муқоиса карда, таъкид мекунад, ки "дар ҷумҳурии мо соли таҳсил бе таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ (27 рўз), инчунин рўзҳои ид (12 рўз) аз 1 сентябр то 14 июн ҳамагӣ 204 рўз ё тахминан 34 ҳафтаи таълимиро ташкил медиҳад".

 Ба ибораи дигар, то 36 ҳафта тамдид намудани соли таҳсил, ки аз он тақрибан 2 ҳафта ба рўзҳои ид ва 4 ҳафта ба рўзҳои таътил рост меояд, имкон фароҳам овард, ки хонандаи тоҷик давраи таҳсили худро ба талаботи байналмилалӣ наздик созад, меафзояд вазорат.

Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
“Занги камолот” дар мактабҳо мамнуъ шуд, оғози соли таҳсил аз август таъйид нашуд

Ин реҷаи таълим барои аттестат (шаҳодатнома) гирифтани хатмкунандагон, қабули хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он, таъмиру тармим ва ба соли нави таҳсил омода сохтани муассисаҳои таълимӣ, истироҳати тобистонаи кўдакон, рухсатии саривақтӣ ва нақшавии омўзгорон ягон монеа эҷод намекунад ва ба манфиати хонанда, падару модарон, омўзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад, менавсад манбаъ.

"Ҳамзамон, ба роҳ мондани чунин муҳлати таҳсил ба хонандаи тоҷик имкон медиҳад, ки дигар баъд аз хатми муассисаи таълимӣ барои донишҷў шудан дар муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба гузаштан аз курси яксолаи пешаздонишгоҳӣ (подкурс) машғул нагардад.

Баръакс, баъди аз худ кардани барномаи таълимӣ бо ин буҷаи вақти муайяншуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар самти табодули донишҷўёну магистрон ва докторантон дигар монеа эҷод намегардад. Гузашта аз ин, оё вақти худро сарф кардани хонанда дар мактаб ва дониши худро такмил додани ў аз он ки дар кўча ба беҳўдагардию оворагардӣ машғул гардад, хубтар нест?", - пурсон мешавад дар анҷом Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

 

Лентаи хабарҳо
0