Кровать в номере, архивное фото

Боздошти зани 28 сола дар шаҳри Бӯстон барои ташкили фоҳишахона

1170
(Таҷдидшуда 14:53 17.06.2019)
Кормандони милитсияи шаҳри Бӯстон зани 28-солаеро боздошт намуданд, ки хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстон барои алоқаи ҷинсии зану мард дар хонаи истиқоматиаш 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, корманмдони милитсия зани 28-солаи сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд. 

Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда, рӯзи 7-уми июни соли равон, тахминан соати 20:00, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба зани 24-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шароит муҳайё намуда, аз онҳо 250 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

1170
Барчаспҳо:
зан, боздошт, фоҳишахона, ташкили фоҳишахона, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон