Амалиёти Кукнор-2019 дар ВМКБ

Амалиёти “Кукнор-2019”: дар Бадахшон 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд

195
(Таҷдидшуда 12:34 12.06.2019)
Кормандони ҳифзи ҳукуи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон зиёда аз 16 ҳазор бехи ниҳоли бангдонаро ошкор ва нобуд сохтанд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни гузаронидани амалиёти “Кукнор-2019” дар заминҳои ғайрикорами ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиёда аз 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдонаи худрӯйи навъи ҳиндӣ ошкор ва пурра решакан карда шуд.

Тавре манбаъ таъкид намудааст бо супориши Роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ, аз тарафи РВУД дар ВМКБ нақшаи махсуси амалиёти “Кукнор -2019” тартиб дода шуда, тадбиқи амалии ҳамарӯзаи он ба роҳ монда шудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани корхои оперативӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВУД дар ВМКБ дар заминҳои ғайрикорами ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон зиёда аз 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдонаи худрӯйи навъи ҳиндӣ ошкор ва пурра решакан карда шуда, ба РВУД дар ВМКБ дастрас карда шуданд”, - қайд намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки мувофиқи нақша амалиёти “Кукнор-2019”, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Ситоди байнидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ва дар пойдории солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Ёдрас мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти “Кукнор-2019” дар ду марҳила: марҳилаи якум аз 1-уми июн то 31-уми уми август ва марҳилаи дуюм аз 1-уми сентяб то 30-юми ноябр аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида мешавад. 

195
Барчаспҳо:
бангдона, решакан шудани дарахтон, Бадахшон, ВМКБ, маводи мухаддир, амалиёт, Тоҷикистон