Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото

Вакилон масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсиониро баррасӣ карданд

171
(Таҷдидшуда 17:56 12.06.2019)
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, ин ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим имрӯз зимни  ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, муҳокима гардиданд.

Зикр шуд, ки қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва дигар қонунҳои соҳавии Тоҷикистон, инчунин такмили фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ як қатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

171
Барчаспҳо:
муҳокима, Душанбе, қонун, тағйиру иловаҳо, парлумон, Тоҷикистон