Омад-омади меҳмонон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои беборишу гарм дар назар аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш шуда, гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 32-34 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Имрӯз, 14 июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Ёдрас мешавем, имрӯз ҳамчунин дар Душанбе нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви созмони мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА) оғоз мешавад, ки дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард ва то 15 июн идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0