Кохи Навруз в Душанбе

Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

1013
(Таҷдидшуда 16:12 14.06.2019)
"Кохи Наврӯз» макони  асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО мебошад, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюми қисми чапи он  Маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Имрӯз намояндагони расонаҳои хориҷӣ, ки  ба саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, имрӯз  бо ширкати ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода як қатор намояндагони  ВАО-и дохилию  хориҷӣ аз «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзноманигоронро пешвоз гирифта, аз рафти омодагиҳо ба баргузории  саммити панҷуми  МҲТБО, ки дар ин макон баргузор мегардад  маълумот дод. 

Зикр гардид, ки ҷараёни кори Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки  таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ  инъикос мекунанд.

«Кохи Наврӯз» макони  асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО мебошад, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюми қисми чапи он  Маркази матбуотӣ ташкил карда шудааст»,- иброз намуд А.Раҳмонзода.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ин Маркази матбуот  барои 450 нафар ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳамзамон он бо   350  компютер  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамаи компютерҳо бо интернети баландсуръати ноқилӣ ва беноқил — вайфай (WIFI) пайваст гардидаанд.

«Инчунин Маркази матбуот бо таҷҳизоти техникӣ,  аз қабили пайвасткунакҳои ноқили барқ, факс, телефон, нусхабардор, қоғаз, маводи канселярӣ ва ғайра таъмин шудааст. Ҷиҳати дастрасии намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ ба маводи ҳамоиш дар Маркази матбуот ду монитори калон барои пахши мустақими рафти чорабинӣ ва овози асли ҷаласа насб шуда, инчунин марказ бо дастгоҳҳои шунидани тарҷумаи синхронӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ таъмин гардидааст»,- афзуд А.Раҳмонзода.

Президент Шри-Ланки Майтрипала Сирисена и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Баъд аз дидани «Кохи Наврӯз» намояндагони ВАО ба Боғи Устод Рӯдакӣ» ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо мероси гаронбаҳои миллати тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Инчунин шоми  имрӯз намояндагони ВАО аз Боғи Куруши Кабир дидан намуда, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад.

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.

Мақоми олии қабулкунандаи қарорҳои МҲТБО Саммити сарони давлатҳо мебошад. Саммит ҳар чор сол як маротиба барои баргузории машварат, баррасии фаъолияти МҲТБО ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он даъват карда мешавад.

1013