Тобистони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Борони кӯтоҳмуддат ва 34 39 дараҷа гармӣ: пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз

125
(Таҷдидшуда 09:26 17.06.2019)
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи абрнок  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоят  боридани борон ва жолаи кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои вилоят  боридани борони (шабона барф) кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10 + 15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки бебориш шуда, ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

125
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Барфу борон ва меғу жола: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ чӣ гуна мешавад

856
(Таҷдидшуда 19:54 05.03.2021)
Охири ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда хоҳад шуд. Борону жола ва барф иваз мешавад, аммо дар рӯзи Модарон манзара тағйир хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва рӯзҳои 6 ва 7 март дар саросари кишвар борон ва жола меборад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон ва ноҳияҳои атрофи он борон меборад. Вазиши бод амол метавонад дар як сония то 10-15 метр расад.

Ҳарорати ҳаво шабона 6-8 ° C ва рӯзона аз + 14 ° C гарм мешавад.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ жола борида ва шамоли сахт аз имкон дур нест. Бориш метавонад дар шакли барф бошад ва ҳарорат дар кӯҳҳо шабона -2 ... + 3 ° C ва рӯзона 6-11 ° C шавад.

Дар Душанбе дар рӯзи Модарон ҳаво абрӣ хоҳад буд, аммо аксаран офтобӣ ва аз ҳама муҳимаш, бориш намешавад. Ҳарорати рӯзона тақрибан 17 ° C гарм мешавад. Ва дар ноҳияҳои тобеи марказ дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд, вале бидуни боришот.

Дар вилояти Суғд, дар Хуҷанд, 7 март борон меборад, дар кӯҳҳо барф меборад, аммо 8 март ҳаво камабри бебориш мешавад.

Дар баъзе ҷойҳо дар шимоли кишвар туман мефарояд, ҳаврорати ҳаво рӯзона 13-15 ° C ва шабона + 3-8 ° C хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 ° C сард ва рӯзона то 4 ° C гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои истироҳат баъзан боришот мешавад - борон ва барф меборад. Ҳарорат шабона то -2 ° C, рӯзона тақрибан 6 ° C гарм пешбинӣ шудааст.

Рӯзи душанбе - 8 март дар Хоруғ бориш дар назар нест, рӯзона 4-6 гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона то 18-21 ° С сард пешгӯӣ мешавад.

Дар ҷануби ҷумҳурӣ, дар саросари вилояти Хатлон, борони шадид меборад, аммо то + 11-13 ° С гарм ва дар рӯзҳои истироҳат ҳарорат боз 10 дараҷа боло хоҳад рафт.

856
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, ҳушдори ҳавошиносон, боду ҳаво, Тоҷикистон
Вскрытие двери, архивное фото

Наҷоти се кӯдак дар Душанбе аз паси дари баста

148
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз наҷот додани се кӯдак, ки дар паси дари баста монда буданд, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса субҳи, 5-март рух додааст.

Аз ин ҳодиса сокини кӯчаи Навбаҳори ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.

Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь
Cпасательная группа помогает жителю Душанбе открыть дверь

Тибқи иттилои КҲФ, дари манзили истиқоматиаш  аз дарун маҳкам шудаву се тифли ноболиғаш дар хона мондаанд.

Шуғнон: Сарбозон духтари 20-соларо, ки худро ба дарёи Панҷ андохт, наҷот доданд

Баъди дарёфти хабар, Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса расид ва дари шаҳрвандро бо истифода аз воситаҳои техникӣ боз кард.

"Кӯдакони дар хонамонда беосебу саломат ба модарашон супурда шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш низ дар Душанбе ҳодисаи ба ҳамин монанд рух дода буд. Он замон, ду ноболиғ дар манзили сокини пойтахт дар паси дари баста монда буданд ва низ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ наҷот ёфтанд.

148
Барчаспҳо:
кӯдак, наҷотдиҳӣ, КҲФ ҶТ, Душанбе
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол