Мулоқоти Раҳмон Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё

Аз рушди соҳибкорӣ то беҳсозии фазои сармоягузорӣ: мулоқоти Раҳмон бо ноиби Президенти БРО

173
Дар мулоқоти роҳбари Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik.  Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Чен мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору вохуриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё донистааст.

“Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми “Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ” зарур шумурданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки Рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона гардидааст.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо муҳокима гардид.

Зимни мулоқот, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ, зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалияноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба исқтиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

173
Барчаспҳо:
мулоқот, Бонки рушди Осиёӣ, Президент, Эмомалӣ Раҳмон, сармоягузорӣ, бонк, БРО, Тоҷикистон
Последствия схода селевого потока

Суғд: Ҳалокати 64 нафар ва миллионҳо зарари ҳодисаҳои фавқулода давоми шаш моҳ

41
(Таҷдидшуда 09:07 09.07.2020)
Дар пайи ҳолатҳои фавқулодда зарфи шаш моҳи гузашта 64 нафар дар шимоли Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ин нукта зимни нишасти шашмоҳаи  раёсати ин ниҳод дар Суғд садо дода, аммо зикр нашудааст, ки ин нафарон дар пайи кардом ҳодисаи фавқулода фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ марги 64 нафар дар пайи 260 ҳаводиси авқулода ба қайд гирифта шудаас.

Манбаъ мегӯяд, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта дар қаламрави вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Гуфта мешавад, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ ба  иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд. 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи  полковник Додиён Баҳром Одина, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

41
Служба в армии, архивное фото

Сарбоз 17 сангпора хӯрд, ки аз аскарӣ раҳо шавад: ба хизмат тоб наовардааст

91
(Таҷдидшуда 09:11 09.07.2020)
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе ҳукми сарбозеро содир кардааст, ки бо хурдани сангпораҳо ва узвмаъюбкунӣ мехост аз хизмати ҳарбӣ раҳо шавад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ сарбози қаторӣ Отабек Ибрагимов зимни даъвати тирамоҳӣ аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Турсунзода ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 42660 АТАМ назди ҳукумати қумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хизмати низомиро дар қисми ҳарбии мазкур иҷро карда, дар ин давом ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, 24-уми декабри соли 2019 ҳангоми дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муваққатан қарор доштанаш, баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ истеъмол намудан дар назди худ мақсад мегузорад, ки бо роҳи узвмаъюбкунӣ бо бемории сохта муваққатан аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ озод шавад.

“Бо ин мақсад номбурда 7 адад сангпораҳои ҳаҷмашон гуногунро фурӯ бурда, бо ҳамин роҳ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш дур шуда, санаи 28-уми декабри соли 2019 дар Беморхонаи марказӣ-ҳарбии ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бистарӣ шудааст”.

Манбаъ мегӯяд, илова бар ин, номбурда бо мақсади аз иҷрои хизмати ҳарбӣ тамоман саркашӣ кардан дар назди даромадгоҳи шуъбаи 1-уми ҷарроҳии Беморхонаи ҳарбии мазкур санаи 31декабри соли 2019 қарор доштанаш боз 10 адад сангпораҳоро фурӯ бурдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин амалкард, Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Ибрагимов Отабекро бо моддаи 376 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 2 (ду) сол маҳкум кардааст.

91
Стоянка в аэропорту. Архивное фото

Черногория марзҳояшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз кард

28
(Таҷдидшуда 09:27 09.07.2020)
Институти тандурустии ҷамъиятӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки воридшавии шаҳрвандони он ба Черногория иҷозат дода шудааст

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik.  Черногория барои шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадҳояшро боз кард.

Институти тандурустии ҷамъиятӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки воридшавии шаҳрвандони он ба Черногория иҷозат дода шудааст

Ҳамин тавр, барои мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Черногория сафар мекунанд, дар робита ба коронавирус дигар маҳдудияти иловагӣ нахоҳанд буд.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

Гузашта аз ин, ҳанӯз маълум нест, ки аввалин парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Черногория кай анҷом меёбад.

Ҳамчунин дар баробари Тоҷикистон Черногория барои вуруди бемамониат ба шаҳрвандони Ӯзбекистон, Беларус ва Гурҷистон низ иҷоза додааст.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Ёдовар мешавем, ки бинобар беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, Черногория сарҳадҳои худро барои шаҳрвандони беш аз сад кишвар сар аз 1 июн боз кард.

28