Дар пойтахт ҳаво то +35 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДети едят мороженое, архивное фото
Дети едят мороженое, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он ба 34-39 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ хаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: ҳарорат ба +29 дараҷа мерасад

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар шарқи вилоят  боришоти  сусти  борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.    Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва   рӯзона    18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0