Саразм, акс  аз бойгонӣ

Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ барои таҳияи рамзи 5500-солагии Саразм

326
(Таҷдидшуда 19:11 19.06.2019)
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, мақсади ин озмун дар сатҳи баланди касбӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик мебошад.

“Ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин намунаи осори рассомии ҷавобгӯ ба меъёрҳои касбии санъати тасвирӣ мебошад, ки таҷассумгари тамаддун ва таъриху фарҳанги миллӣ, тарғиби ватандорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия. 

Вазорат таъкид кардааст, ки барои эҷоди беҳтарин рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ба ғолиби озмун маблағи 10000 сомонӣмукофотпулӣ муайян гардидааст.

“Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон ва фаъолон бо ифтихорнома ва нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ мегарданд”, - таъкид кардааст Вазорат.

Ин ниҳод  аз шаҳрвандоне, ки хоҳишмандони иштирок дар Озмун даъват кардааст, ки маводҳоро ба озмун ба суроғаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, - 734025 шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34 пешниҳод намоянд. Барои иттилои бештар Вазорати фарҳанг телефонҳои 2210200 ва 2216466 ироа намудааст.

326
Барчаспҳо:
таърих, Панҷакент, Саразм, вазорати фарҳанг, озмун, Тоҷикистон
Жена народного поэта РТ Лоика Шерали - Зебунисси Кутбиддинова

Ду-се моҳи беморӣ ва инсулт: ҳамсари Лоиқ ба "дидор"-и Лоиқ рафт

3
Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ, субҳи имрӯз, 22 сентябр, олами фониро падруд гуфт. Писари Лоиқ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин хабарро тасдиқ кард

 ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ромиш Шералӣ, писари Лоиқ Шералӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, модараш ду – се моҳи ахир аз маризӣ азият кашида, ҳатто як бор инсултро низ паси сар карданд ва шифо ёфтанд.

“Аммо ин хурсандии мо дер давом накард. Тақрибан 15 рӯзи пеш фишорашон баланд рафт ва он касро ба Шифохонаи Ибни Синои шаҳри Душанбе овардем. Ин субҳ даргузаштанд”, - гуфт Ромиш Шералӣ.

Зебуннисо Қутбиддинова соли 1946 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1967 риштаи умри худро бо Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон пайвастааст.

Ҳосили ин издивоҷ се писару ду духтар мебошад. Марҳум то охири умр дар мактаби рақами 54 – и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе омӯзгор буд.

Ҳамзамон осорхонаи Лоиқ Шералӣ дар ин мактаб бунёд шуд, ки масъулияташро ӯ бар дӯш дошт.

Сӯҳбати ҳамсари Лоиқ: аз марде, ки бештар аз ӯ касе намешинохт

Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон 30 июни соли 2000 дар синни 59-солагӣ аз сактаи мағзӣ оламро тарк кард. Ӯ аз камтарин шоирони муосири тоҷик аст, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки форсизабонони ҷаҳон ҳаводорони зиёд дорад ва ашъораш ба даҳҳо забони хориҷӣ тарҷума шудаанд.

Яке аз охирин ғазалҳои ӯ ба номи “Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат” унвон дошт, ки ба ҳамсараш бахшида шуда буд. Як дӯсти хонавода дар таъзияномааш ба марги Зебуннисо Қутбиддинова чунин навишт: “Ин марг нест... Ӯ ба дидори ёри қиёматии худ рафт!” Ҷанозаи Зебуннисо Қутбиддинова дар қабристони Сарманзили шаҳри Панҷакент пас аз намози пешин баргузор мешавад.

3
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане

Аврупо ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои рушди сайёҳи кумаки молӣ мерасонад

14
(Таҷдидшуда 03:26 22.09.2020)
Иттиҳодияи Аврупо барои рушди бахши сайёҳии се кишвари Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кумаки чаҳормиллион евроӣ ихтисос дод, ки Душанбе низ аз ин ёрии молӣ баҳраманд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, аз ин маблағ 268 ҳазор доллар барои таъмини манобеи энержии мавриди ниёзи ширкатҳои хусусии хадамоти гардишгарӣ ва 1032 000 доллар низ барои тақвияти таъсисоти хадамот ба ҷаҳонгардон дар тарҳи гардишгарӣ дар масири “Ҷодаи абрешим” масраф  хоҳад шуд.

Қарор аст ин кумаки молӣ то соли 2023 барои рушди гардишгарӣ дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар гузориши дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе таъкид шуда аст, ки ширкатҳои хусусии кумитаи сайёҳии Тоҷикистон ин кумаки молиро барои рушди тиҷорат, фаъолияти коргоҳҳои кучаки тавлиди саноати дастӣ, коҳиши вобастагӣ ба истифода аз ангиштсанг ба манзури гарм кардани меҳмонхонаҳо ва маконҳои истиқрори гардишгарони хориҷӣ бар асоси тарҳҳои пешниҳодшуда сарф хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар ин гузориш гуфта шудааст, ки таи солҳои 2017 то 2019 вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ду баробар афзоиш ёфта аст, ки зарурати тавсеъа ва беҳбуди зерсохтҳои хадамоти ширкатҳои фаъол дар ин бахшро матраҳ мекунад.

14
Барчаспҳо:
сайёҳӣ, сайёҳи, Қирғизистон, Ӯзбекистон, молӣ, кумак, рушди сайёҳӣ, Иттиҳодияи Аврупо, Тоҷикистон