100 дақиқаи ройгон ва 100 мегабайт интернет: симкортҳои ройгона барои сайёҳон

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото
Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин симкотрҳо дорои эътибори 100 дақиқа муколимаи ройгон ва 100 мегабайт интернет аст, ки барои 10 рӯз кифоят мекунад.

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.Бар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ва ширкати хадамоти телефони ҳамроҳи "Tcell" аз рӯзи 15 -уми июни соли равон вогузории симкортҳои ройгони телефони мобилӣ ба гардишгарони хориҷӣ оғоз шудааст.

Муддати эътибори ин симкортҳо 10 рӯз хоҳад буд ва ниёз ба сабти ном низ надорад.

Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки киҳо метавонанд шиносномаашонро барои симкорт иваз накунанд

Ин симкортҳо аз сӯи шуъбаҳои полиси гардишгарии назди Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва тамоми посгоҳҳои вурудии марзии ин кишвар ба гардишгарони хориҷии болиғ ба таври ройгон вогузор мешавад.

Ин симкотрҳо дорои эътибори 100 дақиқа муколимаи ройгон ва 100 мегабайт интернет аст, ки барои 10 рӯз кифоят мекунад.

Ҳамчунин дорандагон и ин симкортҳо метавонанд ба шуъбаҳои полиси гардишгарии Тоҷикистон бидуни пардохти ҳазина тамос бигиранд.

Гуфта мешавад, ки бо истифода аз нармафзори насбшуда имкони муколима бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ барои гардишгарони хориҷӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Гардишгарони хориҷӣ бояд барои дарёфти симкортҳои телефони мобилии ройгон гузарномаи муътабари хориҷӣ ва раводиди электронии сафар ба Тоҷикистонро ироа намоянд.

Дар ояндаи наздик барои гардишгарони хориҷии мутақозии сафар ба Тоҷикистон барномаи вижаи мавсум ба "Салом Тоҷикистон" бо муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии ин кишвар, замимаи симкортҳои ройгони телефони мобилӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0