Город Дангара, архивное фото

Обу ҳавои гарму тоқатфарсо: дар пойтахт ҳаво то 36 дараҷа мешавад

89
(Таҷдидшуда 13:48 20.06.2019)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона ба 34+39 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11+16  ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар шарқи вилоят боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва   рӯзона    18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

89
Барчаспҳо:
бебориш, Душанбе, пойтахт, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон