Сим-карта, архивное фото

SIM-корти ройгон, барномаи мобилӣ ва шиносномаи сайёҳӣ: шарҳи милитсияи сайёҳӣ

160
Ҳар як сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон мегирад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ояндаи наздик бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ, барномаи мобилии "Салом, Тоҷикистон" ва шиносномаи сайёҳӣ бо хизматрасониҳои иловагӣ ва иттилоотӣ таҳия карда мешаванд, ки он омадани сайёҳонро ба кишвар осон хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки ҳамаи сайёҳоне, ки аз таърихи 15-уми июн ба кишвар меоянд, акнун аз ширкати Tcell бе бақайдгирӣ ба мӯҳлати 10 рӯз SIM-корт мегиранд.

Чунин созишнома аз ҷониби милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВУД Тоҷикистон ва оператори телекоммуникатсионии Tcell ба имзо расид.

“SIM-корт ба ҳамаи сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсияи сайёҳӣ, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва дар ҳамаи нуқтаҳои наздисарҳадӣ дода мешавад, инчунин барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ ба идораи милитсияи сайёҳӣ муроҷиат кардан мумкин аст”,- таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин ВУД қайд намудааст, ки сайёҳон метавонанд пеш аз омадан ба кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ барои гирифтани SIM-корт ба милитсияи сайёҳӣ ариза фиристанд.

“Дар тавозуни ҳар як корт 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст. Ҳамчунин соҳибони чунин кортҳои сайёҳӣ метавонанд пурра ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. Операторҳои маркази дархостӣ ба сайёҳон бо якчанд забонҳои хориҷӣ маълумот медиҳанд: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғ”,- зикр намудааст манбаъ.

Илова бар ин, соҳибони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба SMS-огоҳонии чорабиниҳои асосии фарҳангӣ ё ҳолатҳои рафънопазир, офатҳои табиӣ дар кишвар пайваст карда шудаанд, ки дар бораи рӯйдодҳои охирин дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиноснома ва раводиди электрониро пешниҳод кунанд (агар SIM-корт пешакӣ дархост карда шавад).

160
Барчаспҳо:
кумак, фурудгоҳ, ройгон, сабти дубораи сим-кортҳо, сайёҳӣ, милитсия, ВУД, Тоҷикистон
Неделя моды в Душанбе. архивное фото

Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо Фаридун ва "шери нар" - и наваш - видео

1620
(Таҷдидшуда 20:58 10.08.2020)
Сарояндаи машҳури тоҷик Фарзонаи Хуршед дар бораи бегонагӣ бо собиқ ҳамcараш овозхони шинохта Фаридуни Хуршед ва ишқи наваш гуфт

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед дар барномаи шабакаи "Пешсаф" дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.

Ӯ гуфт бо ҳамсари пешинаш Фаридуни Хуршед чор сол шуд ягон иртиботе надорад ва аз тавлиди фарзанд дар хонаводаи Фаридун хушҳол аст.

"Вақте дар хонае тифл ба дунё меояд дар он хонавода 60 рӯз фариштаҳо фурӯд меояд. Закияҷони азиз ба табрики додараш рафт, ман хушҳол шудам. Хурсандии як банда барои ман хурсандӣ аст. Худованд шоҳид ҳаст, ки ман нисбати Фаридун ғайр аз он кӣ ӯ падари фарзандонам ҳаст, ягон эҳсосоти дигар надорам. Фақат ҳурматаш мекунам ба он хотире кӣ ӯ падари фарзандонам аст", - гуфт Фарзона ва афзуд, ки Закияро худ барои табрикоти падараш равон кард.

Фарзона ба мухлисонаш муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба ӯ аз Фаридун суол накунанд, чун аллакай барои ӯ инсони бегона аст.

"Шавҳар наздиктарин шахс барои зан аст, вале вақте ҷудо шудӣ бегонатарин инсон барои ту мешавад", - таъкид мекунад Фарзона.

Фарзонаи Хуршед аз камтарин сарояндаҳоест, ки бо дигар ҳунармандон дӯстӣ надорад ва ба қавли аксари мардум бисёр ҳавобаланд аст.

Фарзона мегӯяд аз тарси халалдор кардани ин ё он нафар ӯ бо касе ошноӣ намекунад ва дӯстони наздиктаринаш модару аппаҳояш ҳастанд.

"Вақте касе бо ман аз наздик ошно мешавад, мегӯяд ту чӣ қадар духтари хуб будаӣ, вале ман фикр мекардам, ки ту бисёр ҳавобаланд ҳастӣ".

Фарзонаи Хуршед такаббури худро кори ген гуфт.

"Бобои падариям рус ҳаст ва бибии падарам бошад эронист. Шояд аз ин сабаб виқори баланд дорам, вале дилам соф аст", - мегӯяд Фарзона.

Сароянда дар хотимаи барнома ҳамчунин дар бораи ишқи наваш гуфт ва ҳатто акси марди ҳаёташро ба муҷрии барнома нишон дод.

"Марди воқеъӣ - шери нар интихобатро нигоҳ намекунад. Албатта дар зиндагии ман шери нар ҳаст",- гуфт Фарзона.

1620
Барчаспҳо:
бегона, шавҳар, ҳамсар, Фаридуни Хуршед, Фарзонаи Хуршед

Эълони омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

535
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 41 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 24 соати гузашта 90  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  7827  нафар баробар гардид.

"То санаи  10 август дар мамлакат  6614  (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ёдоварӣ карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

535
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон