Погрузка руды

Чин барои коркарди маъдан дар Тоҷикистон 30 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

62
Чин тасмим гирифтааст дар Тоҷикистон ширкати нав оид ба коркарди маъдан бунёд кунад

 ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон нақшаи бунёди корхона оид ба истеҳсоли маъдан бо арзиши 30 миллион доллар дар назар аст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияи нави кишвар, сохтмони ин корхона ба воситаи маблағгузории Чин дар назар аст.

Дар ин бора миёни Вазорати саноати Тоҷикистон ва “Ширкати оид ба захираҳои Тибет-Эверст” ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Мувофиқи ин санад баъ ба истифода даодани корхонаи нав коркарди маъдани ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Чин ба 2,4 маротиб зиёд мешавад. Истеҳсоли ҳозираи ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Чин 2,5 миллион тоннаро ташкил мекунад, ки баъди ба истифодадиҳии корхонаи нав ин адад то ба 6 миллион тонна хоҳад расид.

Дар иттилоия омадааст, ки сармоягузор тасмим дорад барои истеҳсоли маъдан ба Тоҷикистон техникаҳои замонавӣ биёрад. Арзиши ин лоиҳа 30 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ширкати саноатии куҳии Тоҷикистону Чин мақсад дорад истеҳсоли сурби оҳанро дар шаҳраки саноатии “Истиқлол” то ба 5 миллион тонна расонда ва дигар корҳои истеҳсолиро ба роҳ монад.

Ашёи хом аз Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна оварда мешавад.

Мувофиқи пешгӯиҳо дар ин шаҳраки истеҳсолӣ миқдори истеҳсоли маводро то ба 100 миллион расонида, фароҳамории 950 ҷойи кори нав дар назар аст.

62
Барчаспҳо:
"Ширкати муштараки истихроҷу коркарди маъодини Тоҷикистону Чин", коркард, маъдан, Чин, Тоҷикистон