Сильный ветер в Москве, архивное фото

Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо

139
(Таҷдидшуда 10:12 22.06.2019)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон ба 35+38 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят бебориш аст.  Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 гарм, рӯзона 12+17 гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат иеборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 30+35 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 гарм, рӯзона 17+23 гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 34+39 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 26+31 гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 32+37 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15 гарм, рӯзона 35+37 гарм мешавад.

139
Девушка пишет сообщение на телефоне

Муовини Бег Сабур ваъда дод: барои баланд бардоштани суръати интернет чора меандешад

2
(Таҷдидшуда 12:43 14.07.2020)
Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки имсол суръати интернет то 2,8 Гб секунд баланд карда шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ахиран, Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд.

“Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Имсол суръати интернет то  2,8 Гб секунд баланд карда шуд”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.

Илҳомҷон Атоев зикр кард, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад.

“Айни ҳол 50 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд”, - қайд кард Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳолати 30 июни соли равон азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро  бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ анҷом додааст. 

Айни ҳол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд 2 миллиону 957 ҳазору 293 ададро ташкил медиҳанд.

Барои бақайдгирии саривақтии симкортҳо  бемории сироятии коронавирус монеа эҷод намуд. Азнавбақайдгирии симкортҳои муштариён  то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 025 ҳазору 830 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 5 миллиону 325 ҳазору 978 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

2
Барчаспҳо:
баланд, суръат, интернет, Тоҷикистон
Наручники висят на дверной ручки.

Ҳукми 7 нафар: Зоирзода дар бораи парвандаи пурсарусадои ҳамлаи "Ишқобод"

68
(Таҷдидшуда 11:50 14.07.2020)
Ҳафт ҳамлагар ба гузаргоҳи "Ишқобод" бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум шуданд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ ба гузаргоҳи марзии "Ишқобод" ҳукми зиндон таъйид гардидааст. Дар ин бора прокурори ҳарбии Тоҷикистон Икром Зоирзода иттилоъ додааст.

Ҳамин тавр, ҳафт нафаре ки ба гузаргоҳи марзӣ ҳамла оварданд, аз 2 то 27 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, парвандаи 7 иштирокдори ҳамлаи террористӣ барои баррасӣ  ба додгоҳ равона шуда буд.

"Ҳамаи маҳкумшудагони парванда оид ба ҳамла ба гузаргоҳи "Ишқобод" шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд", - афзудааст вай.
Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны
МВД Таджикистана/RUPTLY/Пресс-служба Минобороны России

Ёдрас мешавем, 3 феврали соли равон Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни  нишасти солонаи хабарии ин ниҳод гуфт, ки санҷишу тафтиши парвандаро Прокуратураи генералӣ ба анҷом расонда, дар ихтиёри Суди олӣ қарор додааст ва парванда 9 муттаҳамро дарбар мегирад.

Тибқи иттилои расмӣ, ки дар рӯзи ҳодиса расонаӣ шуд, шаби 6 ноябри соли гузашта як гурӯҳи ниқобпӯши 20 - нафара ба дидбонгоҳи "Ишқобод", мустақар дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамла карда, бо нерӯҳои марзбонии тоҷик даргир шуданд.

8 зану 4 ноболиғ кушта: суҳбати ошкорои Раҳмон аз ҳамлаи "Ишқобод"

Он замон расман эълон шуд, ки дар ин даргирӣ ду тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва 15 муҳоҷим кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи талафоти нерӯҳои ҳукуматиро 6 нафар ҳисоб карданд. Баъдтар мақомот аз боздошти 5 муҳоҷим хабар доданд, ки мустақим дар ҳамлаи террористӣ ширкат доштанд.

Охирин тафсилоти расмии ин ҳамларо Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии кишвар ба миён гузошт. 29 март нашрияи расмии “Садои мардум” гузориши Прокурори генералии Тоҷикистонро ба нашр расонд, ки бино ба он, дар ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии рақами 4 – и “Ишқобод” 26 нафар кушта ва 22 нафар ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар он ҳабс шудаанд.

 

68