Генерал Шариф Назарзода аз қаҳрамонии милисаи пойтахт қадрдонӣ кард

Қурбон-милисаро генерал Назарзода баъди вокунишҳо дар Фейсбук қадрдонӣ кард

2357
(Таҷдидшуда 15:24 22.06.2019)
Роҳбари Раёсати ВКД Душанбе барои қадрдонии милиса ҷамъомади тантанавӣ ташкил намуда, ба Қурбон-милиса тӯҳфаву пул додааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки роҳбари  ВКД Душанбе генерал Шариф Назарзода милисаеро, ки пештар дар Фейсбук чун Қурбон-милиса "номӣ" шуд, қадрдонӣ намуд.

Ёдрас мешавем, пештар як корбари Фейсбук акси як корманди ВКД Душанберо гузошта, аз ӯ Қурбон-милиса ном бурда, аз хислати исондӯстонаи вай тавсиф карда буд.

Ба гуфтаи корбар, Қурбон-милиса ду тифли модари гирёнеро, ки  дар маркази Душанбе гум шуда буданд, пайдо намуда, ба зан баргардонид.

Пас аз ин пост бештари  корбарон онро бознашр кардаву аз ин иқдоми корманди ВУД ҷонибдорӣ каранд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Душанбе менависад, ин корманди милиса - милитсионери Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ буда, доим бо ҳисси баланди масъулият ӯҳдадориҳои хизматии худро иҷро мекунанд. 

"Сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар рафти баргузории саммити МҲТБО дар Душанбе дар назди чорроҳаи Маркази савдои "Садбарг" аз худ малакаи баланди хизматӣ нишон дода, модареро, ки 2 нафар кӯдаконашро гум карда, аз парешонҳолӣ нолаву фиғон дошт, ором ва 2 нафар кӯдакони гумшударо саривақт дарёфт ва ба волдидонаш баргардонидааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷиҳати қадрдонӣ намудани сержанти калони милитсия Сайдализода Қурбоналӣ Таваралӣ дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбари мақомоти милитисяи пойтахт бо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои пулию хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 

Зимни баргузории ҷаласаи мазкур Шариф Назарзода иброз дошт, ки мақсад аз амалигардонии ислоҳоти милитисия низ маҳз баланд бардоштани донишу малакаи хизматӣ, хушмуомилагию рафтори намунавӣ бо шаҳрвандон ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ буда, милитсия ин пуштибону ҳомии халқу миллат ва таъминкунандаи суботу оромӣ дар кишвар мебошад. 

2357
Барчаспҳо:
Душанбе, Тоҷикистон
Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом

Дархости Тоҷикистон барои баргузории бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё-2020 дар Душанбе

12
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали рақобатҳо марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ нашр намуд.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои федератсияи Футболи кишвар,  тақвими бозиҳо пас аз баррасиҳои зиёд аз ҷониби раҳбарияти Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳайаташ гирифта шуд.

Тоҷикистон дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 шомили гуруҳи "D" мебошад.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои гурӯҳи "D" бо иштироки дастаҳои футболи  "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Алтин Асир"-и Туркманистон, "Дордой"-и  Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и  Тоҷикистон аз 23  октябр то 4  ноябри соли равон, доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳар чор бозӣ  дар як кишвар доир мегардад, ки  то ҳануз дақиқи набуда, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузорӣ рӯзҳои наздик гирифта мешавад.

ФФТ мегӯяд, барои баргузории ин рақобатҳо дар Душанбе дархост ирсол кардаанд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва рақобати ниҳоии Ҷоми AFC 12 декабр доир мешавад.

 

12
Муин Гафуров. Архивное фото

Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад

66
(Таҷдидшуда 09:24 11.07.2020)
Ширкати  размикори тоҷик Муин Ғафуров дар бузургтарин ташкилоти ММА ба таъхир гузошта шудааст. Акнун ӯ метавонад дар Лигаи Ҷопон бозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Муштзани тоҷик Муин Ғафуров ният дорад, ки ба Ҷопон биравад, гуфт роҳбари Лига самбои  размӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Ҳокиров.

"Эҳтимол, рӯзҳои наздик дар бораи шартномаи Муин Ғафуров барои як муҳориба бо лигаи ҷопонӣ Rizin Fighting Federation дақиқи шавад" гуфт ӯ.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як размикори тоҷик Муин Ғафуров,  бо UFC, бузургтарин лигаи MMA дар ҷаҳон шартнома бастааст. Аммо, он гоҳ ин тасдиқ карда нашуд.

Тавре маълум шуд, Ғафуров ҳаққи қонунии бастани шартнома бо UFC надорад, зеро вай бо як ташкилоти дигар шартнома дошт. Ин ширкати ONE FC буд,  ки размикор пеш бо он кор карда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 Муин бо ONE FC шартнома бастааст. Вай 18 мубориза дар сатҳи касбӣ баргузор кард, ки дар он 16 ғалаба  ва ду шикастро паси сар кардааст.

Муин охирин бор санаи 6 октябри соли 2018 дар мусобиқаи One One - Kingdom of Heroes  размикори Бразилия Леандро Исаро тариқи нокаут дар аввалин раунд мағлуб кард. Қабл аз ин, 14 октябри соли 2017, дар мусобиқаи Tajikistan Fighting Championship 5, Ғафуров бразилии дигар Итало Фрейтасаро  нокаути техникӣ дар даври 1 мағлуб кард.

Муин Ғафуров (қад - 170,18 см, вазн - 64 кг) дар муҳорибаҳои омехта таҳти лақаби Тоҷик баромад карда - қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба самбо (WCSF), қаҳрамони ҷаҳон оид ба грэпплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон дар MMA (WKA), устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ мебошад.

66