Симкортҳо, акс аз бойгонӣ

Суҳбати муовини Бег Сабур дар бораи сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав

1857
(Таҷдидшуда 11:36 24.06.2019)
Илҳомҷон Атоев, муовини Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар бораи тартиби нави сабти симкортҳо гуфт, ҳадаф пешгирии фурӯшу истифодаи ғайриқонунии он мебошад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Атоев изҳор дошт, ки  бар асоси қарори Ҳукумат, Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкортро бо шиносномаҳои нав - корти ID анҷом диҳад. 

“Яке аз сабабҳои қатъӣ кардани сабти симкортҳои телефони мобилӣ бо пешниҳоди шиносномаи нав ба он вобаста аст, ки баъзе аз шаҳрвандон бо истифодаи нусхаи шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳоро ба тариқи ғайрирасмӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхтаанд”, - иттилоъ дод рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз қавли муовини раиси Хадамоти алоқа.

Манбаъ афзуд, ки ҳанӯз соли 2016 дар қарори Ҳукумат зикр шуда буд, ки азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон – “корти ID” гузаронда мешавад.

Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

“Вале аз сабаби он ки анҷоми чунин кор ба якборагӣ мушкил буд, дар марҳалаи аввал иҷозат шуд, ки  бо шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳо ба расмият дароварда, тадриҷан, бо корти мазкур иваз карда шаванд.

Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014  дорои махзани муътамади иттилоотӣ буда, истифодаи нодурусти симкортҳоро пешгирӣ менамояд. Дар он нақши ангушт, маълумот дар бораи гурӯҳи хун ва ҷойи зист дар намуди электронӣ мавҷуд аст”, - таъкид кардааст манбаъ.

Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он танҳо наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав, яъне корти ID ба расмият дароварда шудааст.

Дар сурати то 15 августи соли равон шиносномаи соли 1996 - ро ба корти пластикӣ иваз накардан эҳтимол дорад, ки соҳибони симкортҳои боқимонда аз истифодаи он маҳрум гарданд.

Зеро тибқи тартиби нав операторони мобилӣ танҳо дар сурати пешниҳоди корти ID симкорти муштариро ба расмият медароранд.  

Чор миллиону 370 ҳазор симкорт дар ҳоле бояд бо пешниҳоди шиносномаҳои нав ба қайд гирифта шаванд, ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар як моҳ тавони иваз кардани танҳо 50 ҳазор шиносномаро доранд.  

1857