Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

501
(Таҷдидшуда 11:41 24.06.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи сафар иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмонро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, чун Сангвор тавассути дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор додааст, ки ба иттилои котибот дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.

Раиси ВМКБ: Ваҳдати миллӣ муқаддас аст, бояд дар сатҳи баланд таҷлил шавад

Манбаъ афзуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор як варзишгоҳи калони муосир бо фарогирии 4 ҳазор ҷойи нишаст ва 2 толори варзишии наздимактабӣ сохта шудааст.

Ба раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 4 деҳоти ноҳияи Сангвор бунёду сохтмони 4 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.

501