Нож в руке, архивное фото

Зиндон ислоҳ накард: шахси маҳкумшуда дубора барои куштор дастгир шуд

471
(Таҷдидшуда 10:58 25.06.2019)
Кормандони милитсия шаҳри Конибодом марди 56-солаеро дастгир намуданд, ки дар куштори марди 54-сола гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Лоҳутии шаҳри Конибодомро, ки пеш бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда, 24-уми июни соли равон, тахминан соати 16:00-дақиқа, бо мақсади аз қатл, ба ҳавлии истиқоматии марди 54-солаи сокини шаҳри Конибодом омада, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Масъулини ВУД Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия доир ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишотро идома доранд.

471
Барчаспҳо:
дастгиршавӣ, ҷинояткор, Конибодом, куштор, зиндон, Тоҷикистон