Раҳмон маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро ифтитоҳ карду ба ятимони кулл тӯҳфа дод

58
(Таҷдидшуда 14:01 26.06.2019)
Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рашт, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро, ки аз ошхона, сехи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст, ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раҳмон Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Алиев бунёд ёфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни шиносоӣ бо шароити марказ, ба роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо дар баробари имкониятҳои муосири хизматрасонӣ, ҳамчунин барои фаъолияти бонувони ноҳия ва соҳибкасб намудани духтарони маҳаллӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Зеро марказ дорои сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, ки дар он дастгоҳу таҷҳизоти замонавии дӯзандагӣ васлу насб гардидаанд, буда, имконият дорад, ки занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб ва баъдан соҳиби ҷойи корӣ доимӣ намояд.

тавре манбаъ қайд намудааст, сехи дӯзандагӣ дорои имконияти васеи корӣ буда, минбаъд метавонад муассисаҳои таълимии ноҳияро бо сару либоси ягона ба пуррагӣ таъмин намояд. Ҳамчунин дар ин ҷо рахти хоб ва сару либоси тиббӣ низ истеҳсол карда мешавад.

Дар баробар ин, маркази хизматрасонии мазкур дорои кошонаи ҳусн ва маркази таъмири дастгоҳу таҷҳизоти гуногун мебошад.

Манбаъ зикр намудааст, ки аз он ки минтақаи Рашт аз лиҳози табиӣ яке аз маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо аст ва сайёҳон ба мавзеъҳои он таваҷҷуҳи зиёд доранд, масъулин дар маркази хизматрасонии мазкур ҳамчунин меҳмонхонаи замонавиро бо 40 ҷойи хоб бунёд кардаанд.

Дар баробар ин, Маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт” дорои хобгоҳ бо 60 ҷой буда, аз хизматрасонии он донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд истифода намоянд. Ҳамчунин онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо дар ин маркази хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, соҳиби ҷойи хоб хоҳанд шуд.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, дар ҳамин ҷо ба 70 нафари ниёзманд, ки 20 нафари онҳо ятими кулл мебошанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар ин рӯз оилаҳои ниёзманд низ аз туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат баҳраманд гардиданд.

58
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, тӯҳфа, кӯдакони ятим, Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳур, Тоҷикистон