Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх” бинои маъмурӣ ифтитоҳ кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар рафти сафараш ба ноҳияи Рашт ар ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх” бинои нави маъмурии 2 ошёнаи дорои 16 ҳуҷра  ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Имрӯз дар ноҳияи Рашт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 442,8 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд иттилоъ додааст дафтари матбуотии Президенти кишвар.

Глава Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с сиротами в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон маркази хизматрасонии “Субҳи Рашт”-ро ифтитоҳ карду ба ятимони кулл тӯҳфа дод

Бинои маъмурии наву замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷраи барҳавои корӣ, хазинаи “Амонатбонк” ва толори барҳавои маҷлис бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар ин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Ҷамоати деҳоти “Қалъаи Сурх”-и ноҳияи Рашт, табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданд ва ба мардум хизмат расондан, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Лентаи хабарҳо
0