Эмомалӣ Раҳмон ба Беларус рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус рафт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотӣ раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Сарвазири кишвар, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Визит белорусской делегации в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳои низомиро муҳокима карданд

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент доир ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, Прокурори генералӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус зимни дидор бо сафири Тоҷикистон дар Белорус, Муҳаммадшариф Ҳақдод, президенти Белорус гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар остонаи ҷамъбасти бозиҳои Урупоӣ дар Белорус, дар меҳмонӣ интизор аст.

 Ӯ қайд кард, ки Раҳмонро дар Белорус мешиносанд ва дӯст медоранд.

Лукашенко ҷузъиёти сафари Раҳмонро ба Белорус ошкор кард

"Ӯро на натанҳо элита мешиносад. Эмомалӣ Шариповичро мардуми Белорус нағз мешиносад. Мо сафари ӯро интизор ҳастем",- гуфт Лукашенко.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш аз маросими ҷамъбасти Бозиҳои Урупоӣ дар Белорус, 30 июн барои аз наздик ошно шудан бо табиати ин кишвар, сафар хоҳад кард.

Истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон аз Александр Лукашенко дар Қасри миллат

“Табиатан Белорус аз табиати шумо фарқ дорад. Аммо кишвари шумо мавзеъҳои монанди Белорусро низ дорад, маро ба он ноҳияҳо бурданд, нишон доданд. Ӯ чанд рӯз дар ин ҷо мемонад ва мо бояд якҷоя аз ӯ сазовор истиқбол кунем”, - гуфт Лукашенко.

Дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва қарордодҳои мувофиқашуда баррасӣ хоҳд шуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко вақти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Белорусро гуфт

Лозим ба ёдоварист, ки 14 майи соли 2018 кишвардори Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта буд.

Лукашенко дар Ҳисор ба Раҳмон трактор ҳадя кард

Зимни музокирот дар сатҳи олӣ ҷонибҳо ҳамчунин маслаи тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар, баррасӣ намудаанд.

Дар фарҷоми музокирот 15 созишнома дар аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба имзо расида буд.

Лентаи хабарҳо
0