Парвоз ба Хоруғ баъди чанд соли таваққуф барқарор шуд

© Марина МельникВид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото
Вид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати байналмиллалии PACTEC International ҳафтае ду маротиба ба шарқи Тоҷикистон, ки парвоз ба он мушкил аст, хатсайр ташкил кардааст

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Як ширкати хусусии ҳавопаймоӣ, парвози ҳавопаймоҳо ба самти шаҳри Хоруғ маркази вилояти куҳистонии Бадахшонро дубора роҳандозӣ кард.

Ба нақл аз "Парс тудэй", пас аз вақфаи тулонӣ дар  парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Хоруғ ширкати байналмиллалии   PACTEC International тасмим гирифтааст ин халаъро пур кунад.

Қарор аст ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳар ҳафта 2 бор аз фурудгоҳи низомии Фахробод дар ҳумаи шаҳри Душанбе ба Хоруғ ва билъакс парвоз кунанд ва нархи чиптаҳо ҳам 1000 сомонӣ баробар бо 100 доллар эълом шудааст.

Ширкати милии ҳавопаймоии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 парвозҳоро дар масири Душанбе-Хоруғ қатъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0