Девушки с веером в Таджикистане

Обуҳавошиносон: имрӯз гармии ҳаво то ба 40 дараҷа мерасад

33
(Таҷдидшуда 09:57 28.06.2019)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  шуда, эҳтимолияти ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои  ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

33
Барчаспҳо:
бебориш, Хатлон, Душанбе, раъду барқ, гармӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон