Статуя Исмаила Самани

Зоҳидӣ: иллати шикасти давлати Сомониён вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ буд

280
(Таҷдидшуда 12:56 28.06.2019)
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар маросими ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, иллати шикасти давлати Сомониён дар ҳазор сол пеш вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ будааст

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки дар миёни ҷамъе аз тоҷикистониҳои муқими Эрон сухан мегуфт, афзуд, тоҷикистониҳо баъд аз инқирози Сомониён, дар соли 1991 бо ваҳдати худ ба истиқлол даст ёфтанд ва акнун як кишвари мустақил доранд, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Ба гуфтаи вай, иллати шикасти давлати Сомониён дар ҳазор сол пеш вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ будааст. 

Низомиддин Зоҳидӣ бо интиқод аз тафриқаафканон байни мардум ва давлати Тоҷикистон гуфт, бадхоҳон, ҷанги таҳмилии дохилии Тоҷикистонро ба роҳ андохтанд ва ҳастии мардуми ин кишварро вайрон карданд.

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Зоҳидӣ бо ишора ба имзои созишномаи сулҳ бо миёнҷигирии Эрон афзуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар 22 сол пеш бо имзои созишнома, мӯҷиботи ваҳдати мардум ва гурӯҳҳоро фароҳам овард ва акнун даврони ҳастисозии Тоҷикистон аст.

Вай бар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва тақвияти равобит бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсоя таъкид кард.

Пас аз мулоқоти Раҳмону Руҳонӣ: сафири тоҷик эътимодномаашро ба президенти Эрон супурд

Муродҷон Бердибоев, муовини сафири Тоҷикистон дар Эрон, доктор Нор Норов аз кормандони радио тоҷикии Садои Хуросон, Шоҳмансур Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар ЭКО ва як донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон дар бораи аҳаммияти Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва парҳез аз тафриқа, нифоқ ва тақвияти равобити Эрон ва Тоҷикистон бо кумаки радио тоҷики Садои Хуросон матолибе баён карданд.

280
Барчаспҳо:
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон, сафир, таҷлил, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон