Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс

© акс аз саҳифаи Осорхонаи миллии ТоҷикистонБоздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Боздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон, фарзанди хурдии Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ - Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар шаҳри Душанбе аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид кард

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Осорхонаи миллӣ, Алӣ Муҳаммад Оқохон дар доираи сафари корияш ба Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик шинос шудааст.

© акс аз сомонаи Осорхонаи миллии ТоҷикистонБоздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

“Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон ва ҳайати ҳамроҳонашро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона мудири Осорхонаи миллӣ - Шарифзода Абдувалӣ ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Масъулини осорхона мегӯянд, диққати Алӣ Муҳаммад Оқохон ва ҳайати ҳамроҳонашро бештар диорамаи “Асри санг”, толори “Сосониён”, гӯшаи “Фарҳанги исломӣ” бо дастхату китобҳои нодир, машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик – “Меҳроби Искодар”, инчунин толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба худ ҷалб намуд.

Дар толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”- и осорхона ашёҳое ҷамъоварӣ гардидаанд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тайи даҳсолаҳо тақдим шудаанд.

© акс аз саҳифаи Осорхонаи миллии ТоҷикистонБоздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон дар пайи тамошои осорхона чун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намудаст.

Лентаи хабарҳо
0