Борону раъду барқ: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЗонт с надписью "Я люблю дождь"
Зонт с надписью Я люблю дождь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад.Раъду барқ ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19 ва  рўзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Встреча Президента Беларуси Александра Лукашенко и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко Раҳмонро барои борон сипосгузорӣ кард

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шарқии вилоят боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда,   дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва  рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0