Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ширкати Наврӯз Комилов дар соли 2014

Рустам Эмомалӣ ба бизнеси ширии Наврӯз Комилов дар ҳудуди Душанбе иҷозат дод

2531
(Таҷдидшуда 18:31 01.07.2019)
Раиси шаҳри Душанбе ба ширкати "Комбинати шири Душанбе" мутааллиқ ба соҳибкор Наврӯз Комилов иҷозат дод, ки маҳсулоташ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсус дар ҳудуди пойтахт ба фурӯш бароварда шавад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо тасвиби қароре ба ҶДММ "Комбинати шири Душанбе" иҷозат додааст, ки маҳсулотҳои шири ширкат тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта шаванд.

Ширкат моҳҳои январи соли равон бо мақсади ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоташ тариқи мағозаҳои сайёру автомашинаҳои махсус барои гирифтани иҷозатнома ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат карда будааст.

Дар қарори Рустам Эмомалӣ таъкид карда мешавад, ки ҳангоми додани иҷозатнома хулосаҳои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ба инобат гирифта шудааст.

Иҷозатномаи мазкур то 26 июни соли 2021, яъне барои ду сол ба кор меравад.

"Ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Комбинати шири Душанбе" ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулотҳои ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва автомашинаҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию бойторӣ тибқи замима то 26 июни соли 2021 иҷозат дода шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарори Рустам Эмомалӣ.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Комбинати шири Душанбе" бояд номгӯи маҳсулотҳои ширии пешниҳодшавандаро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Белорус ба бозор мебарояд

Ёдрас мешавем, ширкати ширии мутаалиқ ба Наврӯз Комилов, соҳибкори тоҷик соли 2014 навсозӣ шуда, дубора ба кор шурӯъ карда буд. Он замон дар ширкат 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафӣ барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешуд.

Дар ин коргоҳ бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли панири хушлаззат аз шири буз ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфти роҳбари корхона Наврӯз Комилов бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфтааст.

2531

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

204
(Таҷдидшуда 22:19 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

204
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон варзишгоҳи муосир бунёд шуд

29
(Таҷдидшуда 21:40 30.09.2020)
Дар рӯзи ифтитоҳи варзишгоҳ Хонаи фарҳанги деҳа низ пас аз таъмиру таҷдид дари худро ба рӯи сокинон боз намуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгоҳи муосир ба истифода дода шуд. 

Дар варзишгоҳ барои машқ ва мусобиқа аз намудҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд, давидан ба масофаи кӯтоҳ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Директори мактаби №10-и деҳаи мазкур Акимбек Акимбеков гуфт, ки "ин варзишгоҳ дар наздикии бинои таълимгоҳ  воқеъ аст. Дар мувофиқа бо бахши ҷавонон ва варзиши назди мақомоти ноҳия то нисфирӯзӣ хонандагони таълимгоҳ дар ин варзишгоҳ  дарси тарбияи ҷисмонӣ мегузаронанд ва пас аз анҷоми дарс он дар ихтиёри ҷавонони деҳа гузошта мешавад".

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯсталиев гуфт, ки "Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд равона месозад ва инро мо дар ноҳияи худ низ мушоҳида мекунем. Танҳо дар се соли охир се варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуданд".

Ба иттилои Дӯсталиев барои бунёди ин варзишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 650 ҳазор сомонӣ сарф шуд.

Ҳоло сохтмони майдони футбол дар маркази ноҳия барои 6 ҳазор ҷои нишаст идома дошта, дар назар аст, ки  дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шавад.

29
Барчаспҳо:
Варзишгоҳ, Рӯшон, ВМКБ
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон