Рукопожатие

Сума Чакрабарти бо намояндагони бахши хусусӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон мулоқот намуд

74
Дар доираи ҳамкорӣ Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд дар Тоҷикистон  ба маҷмӯи лоиҳаҳои  амалкунанда ва анҷомёфта беш аз 840 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Имрӯз вохӯрии  Президенти   Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд (БАТР) Сума Чакрабарти бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорони тоҷик, ки дар Душанбе  мулоқот намуд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии  молиявии Бонки  аврупоии таҷдид ва  рушд  (БАТР) 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои  энергетика,  нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ  ба маблағи 521,7 миллион доллари амрикоӣ  мавриди татбиқ қарор доранд.

Зикр гардидааст, ки БАТР аз соли  1993 дар Тоҷкистон фаъолият дошта, самти фаъолтияти он асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо неруи барқ, идоракунӣ ва сарфаи неруи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои  коммуналӣ ва рушди соҳаи нақлиёт нигаронида шудааст.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо БАТР дар Тоҷикистон  маҷмӯи лоиҳаҳои  амалкунанда ва анҷомёфта беш аз 840 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 585 миллион доллар ба бахши давлатӣ ва  беш аз 260 миллион доллар ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ равона карда шудааст.

Инчунин аз ҷониби БАТР маблағгузории  111 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи беш аз 290 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

74
Барчаспҳо:
маблағгузорӣ, созишнома, БАТР, Тоҷикистон