ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Супориши Раҳмон барои барҳамдиҳии қароргоҳҳои Президент дар Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа

6615
(Таҷдидшуда 15:27 03.07.2019)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қароргоҳҳои президент дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа барҳам дода шаванд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон, 10-уми июни соли равон имзо кардааст, корхонаҳои воҳиди давлатии қароргоҳи президент дар шаҳри Кӯлоб ва қароргоҳи президент дар шаҳри Қӯрғонтеппа барҳам дода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ду моҳ муҳлат додааст, ки масоили ташкилию ҳуқуқии марбут ба барҳамдиҳии ин ду корхонаи давлатиро ҳал намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумат барои ташкили қароргоҳҳои Президент дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа соли 2016 қарор қабул карда буд.

Дар назар буд, ки барои раисиҷумҳур дар ин шаҳрҳо қароргоҳҳо бунёд гардад. Дар қарори ҷадиди имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон барои барҳамдиҳии корхонаҳои воҳиди давлатии қароргоҳҳои раисиҷумҳур дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, далели ин тасмим ироа нашудааст.

6615
Барчаспҳо:
қароргоҳ, барҳамдиҳӣ, Ҳукумат, қарор, Тоҷикистон