Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон нисбати Радиои Озодӣ

652
(Таҷдидшуда 15:45 04.07.2019)
Вазорати хориҷа Тоҷикистон дар изҳороти интишорнамудааш шеваи пешниҳоди матлабҳои “Радио Озоди”-ро "моҷароҷӯёна ва иғвоангез" номидааст

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Вазорат дар баёнияи расмӣ аз рӯзи 3-уми июл Радиои Озодиро ба инъикоси нодурусти воқеиятҳо дар Тоҷикистон муттаҳам карда ва эълон намудааст, ки маводи интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба хонандагону шунавандагон хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод менамояд.

Изҳороти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар пайи дархости раёсати “Родиои Озодӣ” барои барқарор намудани иҷозатномаи кори хабарнигорон интишор шудааст. 

Вазорати хориҷа таъкид кардааст, матлабҳое, ки дар расонаҳо дар бораи фаъолияти "Радиои Озодӣ", дақиқтараш сабти ном накардани  баъзе аз кормандони он нашршудааст беасос ва хилофи этикаи рӯзноманигорӣ хондааст.

Вазорати умури хориҷӣ иддао кардааст, ки "Радиои Озодӣ" фазои иттилоотиро моҳирона ба манфиати худ истифода бурда, хилофи меъёрҳои ҳуқуқии дохилӣ, байналмилалӣ ва этикаи рӯзноманигорӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал карда истодааст.

Инчунин вазорати хориҷа қайд намудааст, ки маводди интишории "Радиои Озодӣ" ба ҷои нишон додани воқеияти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, баръакс дар шакли моҷароҷӯёна ва иғвоангез ба хонандагону шунавандагони васоити ахбори омма хабарҳои аз ҳақиқат дур ё беасосро пешниҳод мекунанд.

“Дар ин хусус фаъолияти "Радиои Аврупои Озод" муқобили моддаи II-и Низомномаи "Радиои Озодӣ" буда, бино ба моддаи мазкур "Радиои Озодӣ" уҳдадор аст, ки иттилоотро дар асоси далелҳои муътамад паҳн намуда, дастрасӣ ба хабарҳои  воқеиро таъмин намояд, ба таҳкими  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат намояд”, - гута шудааст дар изҳороти ВУХ Тоҷикистон.

Ҳамзамон масъулини вазорати хориҷа “Радио Озодӣ”-ро ба таблиғи идеологияи ифротӣ ва зиддимиллии роҳбарон ва фаъолони ТТЭ ҲНИ ва "Гурӯҳи 24"-ро айбдор намуда, таъкид намудааст, ки маводди он ба таври рӯйпӯшона манфиатҳои созмонҳоеро, ки  бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ташкилоти ифротӣ ва террористӣ эълон гардиданд, ҳимоят мекунад.

Дар хотима Вазорати хориҷа зикр намудааст, ки кормандони "Радиои Озодӣ", ки  сабти ном нагардидаанд, ҳаққи  идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.

Изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки САҲА, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва раҳбарияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз қатъи парвона ё аккредитатсияи кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе Барот Юсуфӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст." Чаҳор журналисти дигари Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон низ интизори тамдиди иҷозаи кор ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷоанна Левисон, раиси бахши робитаҳои Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми июн гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсияро барои муҷозоти Радиои Озодӣ барои гузоришҳои мустақил ва касбиаш истифода мекунад

Вай афзуд, "ба ҷойи пуштибонӣ аз матбуот, ки як ӯҳдадории байналмилалии ҳукумат аст, аккредитатсияро барои маҳдуд кардани кори матбуот истифода мекунад. Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки билофосила аккредитатсияи хабарнигоронро тамдид кунанд”

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2016 Вазорати умури хориҷаи Точикистон дар як рӯз иҷозатномаи кори 6 хабарнигори Радиои Озодиро барои гузориш додан дар бораи духтари президенти Тоҷикистон бекор карда буд, аммо пас аз фишори ҷомеаи байнулмилалӣ маҷбур гашта иҷозатномаи кори онҳоро дубора барқарор намояд.

652
Барчаспҳо:
журналист, ВАО, хабарнигор, изҳорот, иҷозатномаи кор, радиои Озодӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон
Душанбе, архивное фото

Борони суст: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

39
(Таҷдидшуда 11:35 03.06.2020)
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар буда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти борон пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1  дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 13+18 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва  рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

39
Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Боду ҳаво, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

100
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

100
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон