Хадж в Мекке

Ҳукумати Тоҷикистон барои 20 ходими хидматнишондода квотаи Ҳаҷ ҷудо кард

1097
Ҳудуди 20 сокини Тоҷикистон, имсол тибқи квотаи президентӣ ба зиёрати Ҳаҷ мераванд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Он нафароне, ки ба гирифтани квотаи президентӣ  пешбарӣ шудаанд, ходимони хидматнишондодаи ҷамъиятанд, ки дар ҳаёти иҷтимоии кишвар нақши назаррас доштаанд, иттилоъ додааст Кумитаи дин, Тоҷикистон.

Бино бар иттилоъи манбаъ, пешбарии ин теъдод сокинон барои дарёфти квотаи президентии Ҳаҷ ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент аз сӯи раисони вилоятҳо ироа шудааст, ки феҳристи онро раисони шаҳру ноҳияҳо тартиб додаанд.

Ҳаҷ ва ҳикмати фарз гардидани он

Аз ҳудуди 20 квотаи президентӣ,  ҳамагӣ 4-тои он ба сокинони шаҳру навоҳии Бӯстон, Истиқлол, Спитамен ва Хуҷанди вилояти Суғд ва боқимонда барои сокинони вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе рабт дорад.

Дар соли гузашта ҳам  беш 20 нафар аз ҳисоби квотаи Президентӣ ба тавофи Каъба рафта буданд.

Маросими сафари “Ҳаҷ-2019” барои зоирони тоҷик аз санаи 25-уми июл оғоз шуда, ҳудуди 6000 сокини кишвар имсол ба зиёрати Ҳаҷ ба шаҳрҳои муқаддаси Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара мераванд.

Тибқи иттилои манбаъ гурӯҳи зоирон дар шаҳру ноҳияҳо  назди роҳбаладони худ, барои сафари Ҳаҷ омодагӣ мебинанд.

Имсол нисбат ба соли гузашта, маблағи сафари Ҳаҷ наздики 2 ҳазор сомонӣ гарон шуда, 35 ҳазору 128 сомонӣ муқаррар шудааст.

Баръакси Тоҷикистон: арзиши сафари Ҳаҷ дар Узбакистон арзон шуд

Маблағи зикршуда барои хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷро дар назар дорад.

1097
Барчаспҳо:
ҳоҷиён, Макка, президентӣ, квота, Суғд, ҳаҷ, Тоҷикистон