Хлопок, архивное фото

Дар Тоҷикистон ҳамоно 75 фисади пахта берун аз кишвар коркард мешавад

77
(Таҷдидшуда 19:46 04.07.2019)
То имрӯз наздики 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба кишварҳое, чун Русия, Чин, Қазоқистон ва Туркия дар шакли хом содирот мешавад

ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Аз моҳи январ то моҳи май дар Тоҷикистон содироти  пахта аз содироти неруи барқ афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Бар хабари манбаъ дар ҳамин муддат  пахта ба маблаги 50,5 миллион доллар содирот шудааст, ки ин нишондод нисбати содироти неруи барқ ба маротиб зиёд аст.

Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳо дар давраи муайяншудаи 2018 ҳаҷми содироти  пахта 20,7 миллион доллар коҳиш ёфтаст.

Айни замон, ҳаҷми содироти нерӯи барқ  дар ин давра беш аз 26,3 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пахтаро хом ба хориҷа медиҳем: ба Раҳмон расонданд, ки 4 корхонаи муҳим аз кор монданд

Бояд гуфт, ки то имрӯз наздики 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба кишварҳое, чун Русия, Чин  Қазоқистон ва Туркия дар шакли хом содирот мешавад. Сипас маҳсулоти тайёр, ки аз пахтаи содиршуда дар хориҷи кишвар истеҳсол мешавад, дубора ба бозори Тоҷикистон бо арзиши баланд ворид мегардад.

Аз коргоҳи "Сафедгул -786" ду тонна пахтаро дуздиданд

Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол боз аз пайи ба роҳ мондани барномаи махсусе ҳастанд, ки тавассути он коркарди пурраи пахта дар худи дохили кишвар анҷом меёбад. То ҳол танҳо 25 дарсади пахтаи истеҳсоли Тоҷикистон дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешавад  ва боқимондаи дигар ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

77
Барчаспҳо:
хориҷ, пахта, коркард, Тоҷикистон