Шаҳри Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Роҳбарони Суғд тарбияи ҷавонони ватандӯстро баррасӣ карданд

28
(Таҷдидшуда 16:10 05.07.2019)
Вакилони халқи вилояти Суғд, таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои солҳои 2018-2020-ро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, дар ҷаласа бо ҳузури вакилон ва раисони шаҳру навоҳӣ, як зумра барномаву стратегияҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки аз теъдоди умумии аҳолии вилоят қариб 903 400 нафар, ё 34%-ро  ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 449 900 нафари онҳо духтарон мебошанд, хабар додааст “Ховар” аз қавли мақомоти Суғд.

Мақомоти Суғд таъкид кардаанд, ки барои амалисозии “Барномаи вилоятии тарбияи ватандӯстӣ  ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Суғд барои солҳои 2019-2022”  1 миллиону 164 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ пешбинӣ гардида, барои соли 2019-ум 200 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Дар баробари ин бо қарорҳои алоҳидаи раиси вилоят, стипендияи махсус барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарони муваффақ таъсис ёфтаанд.

Мақмот зикр кардаанд, ки ҳамагӣ барои соли 2019 аз буҷети вилоят бо мақсади рушди ҷавонон 2 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

28
Барчаспҳо:
ватандӯсти ҳақиқӣ, ҷавонон, тарбия, Тоҷикистон-Суғд