Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вазъ изтирорӣ нест: вакили парлумон хост, Ҳукумат муҳлати сабти симкортро дароз кунад

2064
(Таҷдидшуда 13:17 07.07.2019)
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд Ҳукумати кишвар бояд муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои навро тамдид кунад, чун вазъият фавқулодда несту хадамоти шиносномадиҳӣ тавони таъмини ҳамаи мардумро надорад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik.  Усмонзода гуфт, шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дар муддати муқарраршуда аз уҳдаи иваз кардани ҳамаи шиносномаҳо баромада наметавонанд.

“Мардум зиёд ва соати кориро бояд ба назар гирем. Нафароне, ки дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ кор мекунанд, мисли мою шумо як шаҳрванд астанд, ки вақти кории онҳо аз соати 8 то 5 аст, аммо феълан онҳо бояд то соати 10-и шаб кор кунанд. Кадом натиҷа мешавад, вақте шумо дар як рӯз 8 соат не, 12-15 соат кор мекунед?”, - суол гузошт вакили парлумони Тоҷикистон дар барномаи “Фурсати баён” тариқи радиои “Тоҷикистон”.

Ӯ дар посух ба суоли шунавандагон гуфт, сохторҳои дахлдор бояд ба Ҳукумат барои тамдиди муҳлат пешниҳод кунанд ва афзуд, ки “ман ҳамчун вакил фикр мекунам, ин муҳлат бояд ҳадди ақал то моҳи декабр тамдид карда шавад”.

Саидҷаъфар Усмонзода аз шаҳрвандон даъват намуд, ки хавотир нашаванд, чун сохторҳои Ҳукумат ин равандро таҳлил мекунанду тасмимгирӣ хоҳанд кард.

Ҳукумати Тоҷикистон қаблан қарор кард, симкортҳое, ки бо шиносномаҳои куҳна сабт шудаанд, бояд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирифта шаванд. ВУД эълон кард, ки барои сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав то 10 август муҳлат дода шудааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳе қабл иттилоъ дода буд, ки дар Тоҷикистон 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он танҳо наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав, яъне корти ID ба расмият дароварда шудааст.

Мақомот ҳушдор додаанд, ки дар сурати сабт накардани симкорт бо шиносномаи нав хидматрасонии он қатъ хоҳад шуд. Ин ҳушдор боиси навбатпоии зиёди шаҳрвандон дар назди шуъбаҳои шиносномадиҳӣ барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 гардидааст.

2064
Барчаспҳо:
33 нуқтаи бақайдгирӣ, телефон, симкорт, шиноснома, Тоҷикистон
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и спикер верхней палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Бо арзи адаб: Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро ба Тоҷикистон даъват кард

28
(Таҷдидшуда 12:40 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Маскав шуд. Раиси маҷлис пеш аз ҳама бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳангоми мулоқот бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҳамтои русашро ба Тоҷикистон даъват кард.

Тавре телевизиони "Тоҷикистон" гузориш медиҳад, Рустами Эмомалӣ дар рафти сӯҳбат баъди баррасии масъалаҳои ҷойдошта, бо арзи адаб аз Валентина Матвиенко хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон ташриф оварад.

"Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо арзи адаб раиси Шӯрои Федератсияи Русияро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард", - омадааст дар гузориши телевизион.

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

Ёдрас мешавем, дирӯз 24 ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо сафари расмӣ озими Маскав шуд. 

Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мендкович: Рустами Эмомалӣ бо сафараш ба Маскав дар пайи эҷоди сарусадоҳо нест

Худи ҳамон рӯз - 24 ноябр раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Федеоратсияи Русия мулоқот анҷом дод.

Матвиенко изҳори хушнуди намуд, ки Рустами Эмомалӣ новобаста аз замони пандемӣ ба Русия сафар кардааст.

28
Помощник президента по вопросам социального развития и связям с общественностью Абдуджаббор Рахмонзода

Раҳмонзода рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." - ро муайян кард

48
(Таҷдидшуда 12:17 25.11.2020)
Дар Тоҷикистон рӯзи баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" муайян гардид

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ёвари Президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, ҳамзамон раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии озмун ҷаласаи корӣ баргузор кард.

Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аъзои ҳакамони даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Бино ба гузориши манбаъ, дар ҷаласа масъалаҳои дар сатҳи баланд доир намудани даври ниҳоии озмун, муайян намудани тартиби баҳогузорӣ ба маҳорат ва истеъдоди довталабон тибқи Низомномаи озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ",баррасӣ гардид.

Ҳамин тавр муайян шуд, ки аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини вазири фарҳанги  Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Боймурод Шарифзода сухан гуфта, ин иқдоми созандаи президентро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуда, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи корӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир намудани даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гуфта мешавад.

48
Барчаспҳо:
дақиқ, даври ниҳоӣ, озмун, Тоҷикистон