Вазирону раисони кумитаҳои Тоҷикистон тирпарронӣ карданд

© © минобороны УзбекистанаДвусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок
Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар машқгоҳи Фахрободи вилояти Хатлон санаи 5-6 июли соли равон ҷамъомади ҳарбӣ бо ҳузури роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар размоишгоҳи Фахробод ҷамъомади ҳарбӣ баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи ТоҷикТа.

Санаи 5-6 уми июли соли ҷорӣ дар размоишгоҳи ҳарбии Фахробод, ки дар қисмати ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст, дар маркази махсуси идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, ҷамъомади ҳарбӣ барои роҳбарони вазорати идораҳои марбута доир гардид.

Гуфта мешавад, дар назди иштирокчиёни ҷамъомад котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмадалӣ Ватанзода ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо суханронӣ намуданд.

Ҳарбиёни Тоҷикистону Узбакистон тамрини муштарак мегузаронанд

Ба иттилои сухангуйи вазорати мудофиа, Ориф Нозимиён, дар доираи ҷамъомад дар қаламрави машқгоҳи таълимии Фахробод иштирокчиёнро бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз наздик шинос намуданд.

Ҳамзамон аз таппончаву автоматҳо сӯйи ҳадафҳо ба таври санҷишӣ тирпарронӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0