Свечка, архивное фото

Ҷасади маҳбусони заҳролудшуда, зери тадобири амниятӣ ба хок супорида шуд

880
(Таҷдидшуда 16:52 09.07.2019)
Субҳи дирӯз ҷасади аксарияти маҳбусон, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд, бо як гурӯҳи хурди одамон ва дар ҳузури мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони амнияти кишвар ба хок супорида шуданд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷасади маҳбусони заҳролудшуда, ки дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд адои ҷазо менамуданд, бо тадобири баланди амниятӣ ба хок супорида шуданд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Бар иттилои манбаъ, дирӯз ҷасади аксарияти маҳбусон, ки дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтиданд,  бо як гурӯҳи хурди одамон ва дар ҳузури мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони амнияти кишвар ба хок супорида шуданд.

Ба маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, таҳқиқи заҳролудшавӣ ва ҳалокати маҳбусон ҳангоми интиқол аз шаҳри Хуҷанд ба Душанберо додситони кулл Юсуф Раҳмонӣ зери назорати қатъӣ гирифтааст.

Раҳмон зери назорат гирифт: шарҳи лаҳза ба лаҳзаи ҳалокати маҳбусон аз қавли зиндонбонҳо

Ёдовар мешавем, ҳодисаи мазкур 7-уми июли соли 2019 асное сар зад, ки 128 нафар маҳкумшуда - 120 нафар мард ва 8 нафар занро мебоист аз зиндонҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон интиқол медоданд.

Кобул 8 маҳбуси тоҷикро ба ватанашон истирдод намуд

Ба изҳори додситонии кулли Тоҷикистон, омили асосии заҳролудшавии маҳбусон, истеъмоли нони олудаи пупанак мебошад.

880
Барчаспҳо:
ҷасад, заҳролуд, маҳбусон, Тоҷикистон
Доллары США, архивное фото

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

0
Вазорати молияи Тоҷикистон намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли 2021 аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 тасдиқ мекунад

 

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 бо назардошти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар заминаи пандемияи коронавирус таҳия хоҳад шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Вазорат қайд кард, ки намунаи ниҳоии лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар асоси натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2020 муайян карда мешавад.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои дурнамо барои солҳои 2022-2023 таҳия карда мешаванд.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешгӯии Вазорати молия, моддаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2022 бояд 29,7% ва 29% ММД-ро ташкил диҳанд.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст

Ҳамзамон, дар робита ба пандемия аз коронавирус, буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 ихтисор карда шуд.

0
Преступник за решеткой

Даҳшат: ҳоҷии дузана дар Душанбе духтарчаи 12 - соларо ба никоҳи худ даровард - видео

572
(Таҷдидшуда 13:57 06.08.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 46 - солаи пойтахт хабар медиҳад, ки болои дузанагӣ, ноболиғи 12 - соларо ба худ никоҳ карда гирифтааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба гузориши ин ниҳод, Касиров Давлатманд Саидович машҳур бо Ҳоҷидавлат, ки қаблан бо иттиҳоми қаллобӣ, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16 нарасидааст ва дузанагӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд, боз такроран кирдорҳои ҷиноятии худро идома додааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда баробарии зиндагии якҷоя доштан бо ду зан дар як вақт, ки хилофи қонунгузорист, ин дафъа ноболиғи 12 -  соларо ба никоҳи худ даровардааст.

Навори кашола кардани арӯс дар Қирғизистон баҳси гармеро дар шабакаҳо барангехт

"Ноболиғи 12 - солаи аз худаш 34 сол хурдро, ки ҳамсоли фарзанди хурдияш аст, бар хилофи меъёрҳои дини Ислом бе ширкати волидайн ва наздикон ба никоҳи худ даровардааст" ,-афзудааст манбаъ.

Дар навори видеоӣ худи духтари ноболиғ мегӯяд, аз никоҳ хабар надошт.

 "Омад гуфт, ки маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешавед гуфтам. Баъдан занаш гуфт, ки “ҳо бигу”. Ман нафаҳмида ҳо гуфтам. Баъдан гуфт, ки ба тамошо мебарад, майлаш гуфтам. Баъдан хостам ва қабулат кардам гуфт. Шаб омадем маҷбур кард, ки дар бари худ ва занаш хоб кунам, аммо ман не гуфтам, ки маро зад. ”

Манбаъ мегӯяд, ӯ аз ноболиғӣ ва ҳолати нотавонию оҷизии хурдсол истифода карда, бо  мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ бо дағалона вайрон кардани дахлнопазирии ҷинсии хурдсол нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқонаро содир кардааст.

Модари духтар дар навор мегӯяд, Касиров Давлатмандро эҳтиром мекард ва намедонист, ки ӯ ба чунин кор даст мезанад ва аз никоҳ бо духтари ноболиғаш низ хабар надошту аз дигар кас шунид ва ба мақомот муроҷиат кард.

Дар Қирғизистон 118 арӯс танҳо дар шаш моҳ рабуда шуд

Вазорат мегӯяд, боздоштшуда ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гашта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино хонаҳои 2016,  218 ва ҳудуди корхонаи харротии бекорхобида ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба иҷора дода, аз ин ҳисоб фоида ба даст меовард, ки он ба ягон қоидаи санитарию бехатарӣ ҷавобгӯ нест.

"Номбурда бо истифода аз оҷизӣ ва эҳтиёҷмандии занони ба иҷора ниёздошта барои таъмин намудан бо ҷойи хоб дар баробари гирифтани маблағи пулӣ аз онҳо тақозо мекардааст, ки бо ӯ ҳамхобагӣ намоянд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати Касиров Давлатманд аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Сино парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

572
Барчаспҳо:
ноболиғ, никоҳ, боздошт, мард, ВКД, Тоҷикистон