Ахмадзода представил своего нового зама Зайнура Оқилзода

Раиси вилояти Суғд муовини навашро муаррифӣ кард: Азимӣ Зайнура Оқилзода кист?

4644
(Таҷдидшуда 14:11 09.07.2019)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 8 июл соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Азимӣ Зайнура Оқилзода муовини навтаъйинашро, муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни муаррифӣ гуфт, Ғаффорӣ Назира Абдуллозода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод гардида, бо розигии Президенти кишвар ва дар асоси қарори Раиси вилоят Азимӣ Зайнура Оқилзода муовини Раиси вилоят таъин гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Муродзода Муқим Қаюм, раиси тозатаъйини ноҳияи Айнӣ кист?

Манбаъ таъкид намудааст, ки Ғаффорӣ Назира Абдуллозода аз моҳи феврали соли 2015 то инҷониб ба ҳайси муовини Раиси вилоят фаъолияти дошт.

“Раиси вилояти Суғд барои саҳми арзандааш дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ба Ғаффорӣ Назира Абдуллозода аз номи роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, ба Азимӣ Зайнура Оқилзода ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно кард”- қайд намудааст манбаъ.

Бино бар иттилои мақомоти Суғд,  Азимӣ Зайнура Оқилзода 13 ноябри соли 1972 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси  омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Муовини Аҳмадзода гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷомеаро ба чӣ корҳо даъват мекунад

Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 оғоз намуда, солҳои 2008-2015 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 буд.

Аз 6 июни соли 2017 то июли 2019 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент кор кардааст.

4644
Барчаспҳо:
раис, вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода, муаррифӣ, муовини раис, Суғд, суғдӣ, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

65
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

65
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

124
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

124