Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён

Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

348
(Таҷдидшуда 10:55 10.07.2019)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон намуд, ки аз 15 то 17 июли соли равон Ли Нак Ён, сарвазири Корея ба ҷумҳурӣ сафари расмӣ анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бино ба даъвати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон Ли Нак Ён, сарвазири Ҷумҳурии Корея аз 15 то 17 июли соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Қарор аст, дар ҷараёни сафари расмӣ сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кунад.

Давлаталӣ Саид роҳ сӯи сулҳ дар Корея ва рушди Осиёро нишон дод

Инчунин ба иттилои манбаъ, музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар ва Ли Нак Ён, сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва мулоқоти роҳбари ҳайати Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

“Дар музокироти оянда дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт”, - афзудааст манбаъ.

Вазорати умури хориҷа хотиррасон шудааст, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар қарор аст, чанд созишнома ба имзо расад.

348
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, сафари расмӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Корея, Қоҳир Расулзода, нахуствазир, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

10
(Таҷдидшуда 22:32 06.08.2020)
Рӯзи ҳафтуми август аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи силоҳи ядроӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 7 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1889 дар ИМА охирин маротиба муҳорибаи бокс бидуни дастпӯш баргузор гашт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1914  Чин нисбат ба ҷанги якуми ҷаҳон бетарафии худро эълон кард.

Соли 1945  амрикоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Япония бомбаи атомӣ партофтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1991 Бангладеш аз шакли идоракунии президентӣ даст кашида, ба шакли идоракунии парламентӣ гузашт.

Соли 2000 истгоҳи байналмилалии ҳавонавардӣ киштии кайҳонии борбарандаи "Прогресс"-ро ба кайҳон сар дод.

Соли 1889 дар Лондон меҳмонхонаи "Савой" кушода шуд, ки аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон ҳамчун меҳмонхонаи ҳамаи ҳуҷраҳояш дорои ҳаммом ном баровард.

Соли 1929 аввалин маротиба дар Британияи Кабир курсҳои омӯзиши ронандагӣ роҳандозӣ гардиданд.

Рӯзи 7 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 2014 аз номи Федератсияи байналмилалии таэквондо (ITF) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтиром камарбанди сиёҳи дани 9-ум бо сертификати он ва кимоно супорида шуд.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Соли 2011  дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи варзишии обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафеддара" боздид ба амал оварда, бо шароити ин мавзеи  варзишию  сайёҳӣ шинос шуда, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю  марказҳои савдо ва  мавзеъҳои  лижаронию  барфгардӣ  дидан  карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.

 

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон с супругой на горнолыжном курорте Сафед-Дара
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон с супругой на горнолыжном курорте "Сафед-Дара"

 

Ҷашнҳои рӯзи 7 август

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо маҳкум намудани истифодаи яроқи ядроӣ.
  • Рӯзи байналхалқии "табибон барои сулҳ".
  • Дар Русия – Рӯзи неруҳои роҳи оҳан.

Рӯзи 7 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1924-1984) – шоир Муҳиддин Фарҳод.

Соли 1935 – ҳунарманди кино ва рассом Шавкат Абдусаломов.

Соли 1947 - ҳунарманди театр ва кино Раҷабгуг Қосимова.

10
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон
Таджикские мастера готовят подарок к зимней Олимпиаде в Пекине

Туҳфаи устоҳои тоҷик барои Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин

82
Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои бомаҳорати тоҷик мебошанд, ки шӯҳрати наққошкориҳои онҳо берун аз Тоҷикистон ҳам паҳн шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Ҷамшед Ҷӯраев ва Насим Негматов ду устои машҳури тоҷик мебошанд, ки амалҳои ҷолиби наққошии онҳо иншоотҳои фарҳангӣ ва маконҳои дӯстдоштании кишварро оро медиҳанд. Ифтихори котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай – толори рамзи қароргоҳи СҲШ – тариқи ҳамин ҳунар оро ёфтааст. 

Ҳамчунин, ороиши павилони СҲШ дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии санъати боғдорӣ соли 2019 дар Пекин ба Ҷамшед ва Насим супорида шуда буд. Павилони СҲШ миёни меҳмонони намоишгоҳ машҳур шуд, хусусан ҳунари рассомон баҳои баланд гирифт.

Арчаи миллӣ бо розигии Президент: дастур барои насб пеши идораю хонаҳо - аксҳо

Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки устоҳои тоҷик омодагиро ба Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар Пекин баргузор мешаванд, шуруъ карданд. Тилисми ин чорабинии бузурги варзишӣ – панда бо номи Бин-Дундун интихоб шудааст.

Зимнан, рассомони тоҷик тасмим гирифтаанд якчанд лавҳаро бо наққошии панда – ҳайвони дӯстдори миллионҳо нафар дар ҷаҳон – омода кунанд.

Дар доираи Бозиҳои олимпӣ, онҳо инчунин умед доранд, ки намоишгоҳ ташкил мекунанд ва ҳунарашонро ба пекиниҳо ва меҳмонони пойтахти Чин ошно менамоянд.

82
Барчаспҳо:
тоҷик, усто, туҳфа, Бозиҳои олимпӣ