Следственный изолятор, архивное фото

ВУД: ошкоршавӣ дуздии 85000 рубл аз дохили ҳамён ва 3780 сомонӣ аз хазинаи нуқтаи мошиншӯӣ

107
(Таҷдидшуда 14:48 10.07.2019)
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 21-сола ва марди 36-соларо бо ыурми дуздӣ  дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як чанд амалҳои дуздӣ ва дастгир шудани гумонбарон дар минтақаҳои гуногшуни кишвар иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ш.Гулистонро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

Номбурда, 7 июли соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз хазинаи нуқтаи шустушӯи автомашинаҳои ҶДММ “Фалак”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров 1780 сомонӣ ва 1 адад дастгоҳи хотиравии камераҳои мушоҳидавӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 3780-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Ба ҳамин монанд, ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи мазкур, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 7 июли соли 2019, тахминан соати 18:00 дақиқа, шахсони номаълум дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи Спитамен, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҳамёнаш 85000 рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натичаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

107
Барчаспҳо:
сомонӣ, пул, мошин, дуздӣ