Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Меркел боз дарақ-дарақ ларзид: ҳайрати сарвазири Финландия Навор

901
Дар интернет боз навори ларзидани нахуствазири Олмон Ангела Меркел паҳн шудааст. Ин дафъа вай сарвазири Финландия Антти Риннеро ба ҳайрат гузошт

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Нахуствазири Олмон Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо сарвазири Финландия Антти Риннеро нотоб шудааст.

​Ҳангоми мулоқоти расмӣ сарвазири Финландия Антти Ринне рӯзноманигорон ларзидани Меркелро боз ба навор гирифтаанд.

Дар наворе, ки дар интернет пайдо шудааст, Меркел дарақ-дарақ меларзад.

Дар навор дида мешавад, ки Меркел кӯшиш мекунад худро идора кунад, аммо бе натиҷа ларза тамоми бадани ӯро фаро мегирад.  Дар навор дида мешавад, ки ӯ чанд бо дасташро пеш мегирад, то каме вазъашро контрол намояд, аммо бенатиҷа.

Сарвазири Финландия бошад чи кор карданашро намедонад ва бо ҳайрат ба ӯ менигарад.

Ин тайи як моҳи охир севумин ҳодисаи ларзидани Меркел дар мулоқотҳояш аст. Ӯ пештар ҳангоми пешвози раисҷумҳури Укураина Владимир Зеленский ва мулоқот бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба ин аҳвол гирифтор шуда буд.

Дертар нахуствазир ин ҳодисаро шарҳ дод ва гуфт, ки сабаби ларзиданаш ҳавои гарму бемадорӣ буд.

901
Барчаспҳо:
гуфтугӯ, сарвазир, мулоқот, Ангела Меркел
Туман в Душанбе, архивное фото

Ҳавои беборишу тағирёбанда: дар Душанбе меғ мефарояд

0
(Таҷдидшуда 09:52 27.11.2020)
Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон доштааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво ҳамчунин тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона  4-9   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа  хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
ҳаво, меғ мефарояд, Душанбе, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Цистерна с нефтью, архивное фото

Маълум шуд саҳми воридоти сӯзишворӣ, гандум ва орд ба Тоҷикистон чиқадар аст

22
(Таҷдидшуда 01:50 27.11.2020)
17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон аз январ то поёни октябри соли 2020 ба сӯзишворӣ, гандум ва орди Тоҷикистон ихтисос доштааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабарии Авесто, Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон ба маблағи 436 миллион доллар сӯзишворӣ, орду гандум ворид карда аст, ки баробар бо 17,2 дарсад аз воридоти 2,5 миллиард долларии ин кишвар дар ин муддат мебошад.

Ҳаҷми сӯзишвории воридоти тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон наздик ба 489 ҳазор тон эълом шуда, ки ба ин манзур 232 миллион доллар ҳазина кардаанд.

Ин шохис дар муқоиса бо давраи монанди сол қабл афзоиши наздик ба 16 дарсадиро нишон медиҳад.

Ҳамчнин дар 10 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 165 миллиону 500 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 7 дарсади рӯбарӯ аст.

Мизони орди воридоти ба Тоҷикистон дар ин муддат низ беш аз 73 ҳазор тон ба арзиши молии 18 миллиону 700 ҳазор доллар эълом шудааст.

Тоҷикистон ҳамасола бахши умдаи сӯзишворӣ, орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

22
Барчаспҳо:
гандум, воридот, орд, сӯзишворӣ, Тоҷикистон