Ҷамолиддин дар бораи сирри оилавӣ, хислати Модараш ва қавли Убайдуллоевҳо баъди ҷаноза

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса дар пайи мусибати хонаводагӣ, даргузашти модар – Рӯзигул Каримова изҳор дошт, ки аъзои ин оила қавл додаанд, корҳои неки модари марҳумро нигоҳ медоранд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Ҷамолиддин, писарбузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Рӯзигул Каримова изҳор доштааст, ки дар ҳақиқат шунидани хабари даргузашти Модар барои ҳар як аъзои оилаашон ногаҳонӣ буд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Изҳори ҳамдардии Раҳмон ба Убайдуллоев

“Як сирро ман имрӯз ба Шумо ошкор кардан мехоҳам, ки интернети телефони ман то он рӯз ҳамеша фаъол буд ва он ҳам ба хотири азизи дилу ганҷи хонадонамон – Модари бузургворам.  Зеро Ӯ одат дошт, ки бо ҳар як фарзанди худ, ҳар вақте, ки дилаш мехост, суҳбат намояд. Ин баёнгари он аст, ки ҳар кадоми мо барои дигарон вазифаву масъулият дорем, вале пеши МОДАРИ БУЗУРГАМОН ҳамон кӯдакони хурдсоле ҳастем, ки Ӯ ҳар вақте дилаш мехоҳад, аз кори мо бохабар бошаду донад, ки ҳоламон хуб аст. Шояд ин ҳам ҳикмати Худовандист ва Ӯ медонист, ки умри дарозе надораду аз ин рӯ ҳарфи дилашро гуфтан мехост”, - навиштааст Убайдуллоев Ҷамолиддин.

Ӯ изҳор доштааст, ки ба Душанбе аз Париж бо сабабҳои маълум дер расидааст.

“Дар ҳавлиамон садҳо одами бегонаву шинос буд, аммо ин дафъа МОДАР ба пешвозам набаромад. Афсӯс, ки дар насибамон ҳамин будааст”, - бо таассуф навиштааст Ҷамолиддин ва байте аз шоир Адибаи Азизро овардааст:

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Ҷояшон холист: Убайдуллоев дар бораи мусибати оилавӣ ва дуояш дар ҳаққи ҳамсари марҳум

Модар нигарон аст, писараш меояд,
Аз шаҳри Париж тоҷи сараш меояд.

Ӯ афзудааст, ки рӯзи дуюми пас аз ҷаноза, вақте саҳарии барвақт аз маъракаи хоксалом баргаштем, паррандаҳои зиёде дар атрофи хонаамон бо садои аҷиб пайдо шуданд.

“Онҳо дар пеши тирезае гаштугузор мекарданд, ки Модар ҳар саҳар барояшон дон мемондааст. Ин ҳолат ба ҳар кадоми мо фарзандону пайвандон сахт таъсир кард ва ҳамон замон қавл додем, ки ҳама корҳои неки Модарро то ҷон дар рамақ доштанамон нигоҳ медорем”, - таъкид намудааст Ҷамолиддин.

Ӯ барои афроде, ки дар ин мусибат ба хонаводаи Убайдуллоевҳо изҳори ҳамдардӣ кардаанд, миннатдорӣ кардааст.

Ҷамолиддин Убайдуллоев афзудааст, дар ҳақиқат Модари мо фариштае буд, ки шоираи тавонои миллат, ҳамсояамон Гулрухсор Ӯро тасвир кардааст:

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов аввалин мақомдори тоҷик, ки ба Убайдуллоев расман изҳори ҳамдардӣ кард

Рӯзе, ки Рӯзигул рафт, дил зор гиря мекард,
Бо ёди хандаҳояш, гулзор гиря мекард.
Рӯзи азои модар ҷӯйбор чашми нам дошт,
Акси ҷавонии ӯ аз рафтанаш алам дошт.
Рӯзи азои модар рӯзи азои гул буд,
Боғи пур аз фаришта мотамсарои гул буд.
Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,
Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

Писарбузурги Рӯзигул изҳор доштааст, ки дар роҳи бозгашт аз Душанбе ба Париж танҳо мисраъҳоеро, ки шоир Озар Салим ба модар бахшидааст, пайваста мехондааст:

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт...

Ӯ дар охир бори дигар ба ҳамватанон барои баёни ҳамдардӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дуо кардааст, ки “Худованд макони Модари бузурги моро биҳишт гардонад ва ҳамаи Шуморо аз дидори азизонатон сер намояд, омин!”.

Лентаи хабарҳо
0