Наворбардорон, акс аз бойгонӣ

Амри раисиҷумҳур: вазирону раисон сар аз 15 июл ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

219
Нишастҳои матбуотии роҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон аз 15-уми июл оғоз шуда, то 2 август идома хоҳанд дошт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 июл то 2 август вазирон ва раисони дигари идораҳои давлатӣ аз ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд.

“Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд”, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, метавонанд бо рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мувофиқа намоянд.

Эълонҳо дар бораи вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тариқи хабаргузории “Ховар” нашр карда мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 баргузор мегарданд ва феълан соле ду бор дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд.

219